Ҳафтаи умумиҷаҳонии Пул дар вилояти Хатлон

21.04.2021



Спитамен Бонк ҳамчун бонки дорои масъулияти иҷтимоӣ буда, иштирокчии фаъоли чорабиниҳои оид ба баланд бардоштани саводнокии молиявии аҳолии Тоҷикистон, ки дар доираи Ҳафтаи умумиҷаҳонии маблағ (Global Money Week) бо дастгирии Бонки миллии Тоҷикистон якчанд чорабиниҳои омӯзишӣ барои наврасон ва ҷавонон вилояти Хатлон гузарониданд. Азҷумла семинарҳо дар Донишгоҳи давлатии Бохтар, Гимназияи кӯдакони болаёқати шаҳри Данғара ва дар мактаби миёнаи таҳсилоти умумии рақами 1-и шаҳри Шаҳритус баргузор гардиданд.

Мутахассисони бонк дар шакли дастрас дар бораи қоидаҳои истифодабарии самаранок ва бехатари маҳсулот ва хизматрасониҳои муосири молиявӣ нақл карда, оиди чунин масъалаҳо, ба монанди буҷаи шахсӣ ва оилавӣ маълумоти муфассал доданд. Таваҷҷуҳи махсус ба мавзӯи кортҳои бонкӣ, истифодаи бехатаронаи онҳо ва ба нақшаҳои қаллобӣ дода шуд.
Ғайр аз он, мутахассисони бонк имкониятҳои хизматрасонии SpitamenPay -ро намоиш дода, дар бораи бартариҳои он нақл карданд.

«Баланд бардоштани саводнокии молиявии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки Спитамен Бонк мебошад. Вазифаи мо иборат аз он аст, ки ба насли наврас чӣ гуна идора кардани даромад ва истифодаи дурусти замимаҳои бонкиро нақл кунем. Имрӯз, вақте ки хизматрасониҳои онлайн-бонкӣ торафт зиёдтар мешаванд, махсусан муҳим аст, ки кӯдакон маълумоти молиявии кофӣ дошта бошанд»- қайд мекунад Фирӯз Шарифов, менеҷери минтақавии Спитамен Бонк дар вилояти Хатлон.


Бозгашт