Хабари олиҷаноб аз Спитамен Бонк!

09.04.2021



Хабари олиҷаноб аз Спитамен Бонк!

Аз интизориҳо ҳам беҳтар будан, ба мизоҷони худ шодӣ бахшидан, амалӣ кардани орзуҳои онҳо ва таъмини зиндагии шоиста- инҳо ҳадафҳои асосии Спитамен Бонк мебошанд. Маҳз барои татбиқи онҳо бонк аз оғози иқдоми нави бошукӯҳу бемисли “Хона бурд намо” хабар медиҳад, ки ба 30- солагии Истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида шудааст.

Оиди тӯҳфаҳо: воқеан ғолибон зиёд хоҳанд буд!
Мукофоти асосӣ: хонаи истиқоматӣ дар шаҳри Душанбе бо масоҳати 64,2 м2 (хонаи нав).
Инчунин ҳар моҳ мукофотҳои зерини қимматбаҳо бурд карда мешаванд: телевизорҳо, мошинаҳои ҷомашӯӣ, яхдонҳо, чангкашакҳо, дарзмолҳо, смартфонҳо, пилтаҳои микромавҷӣ, ноутбукҳо, гушиҳои бесим ва кортҳои VISA!

Мӯҳлати гузаронидашавии иқдом:
аз 9 апрел то 15 октябри соли 2021
Киҳо иштирокчии иқдом мешаванд?
-Ҳамаи мизоҷоне, ки тавассути низомҳои CONTACT, UNISTREAM ва Western Union тавассути нуқтаҳои хизматрасонии Спитамен Бонк ва ё тариқи барномаҳои Сбербанк Онлайн, Qiwi ва C2C.spitamen.com (аз корт ба корт) маблағ интиқол медиҳанд ва ё қабул мекунанд.

Маблағи ҳадди аққали интиқол:
- аз 100 доллари ИМА, 100 евро ё 5000 рубл барои мизоҷони низомҳои CONTACT, UNISTREAM ва Western Union барои иштирокчии бурди мукофотҳои қимматбаҳои иловагӣ ва аз 500 доллари ИМА, 500 евро ё 20000 рубли русӣ барои имкони бурди мукофоти асосӣ, яъне хонаи истиқоматӣ шудан.
- аз 100 USD, 100 EURO ё 5000 RUB барои мизоҷоне, ки тавассути барномаҳои Сбербанк Онлайн, Qiwi-кошелек ва C2C.spitamen.com (аз корт ба корт), барои иштирокчии бурди мукофотҳои қимматбаҳо иловагӣ ва аз 15 000 рубли русӣ барои имкони бурди мукофоти асосӣ, яъне хонаи истиқоматӣ шудан.

Ғолибон чӣ гуна муайян карда мешаванд?
Ғолибони тӯҳфаҳои арзанда ҳармоҳа муайян карда мешаванд. Ғолиби хушбахти хонаи истиқоматӣ бошад, тавассути барномаи рақамҳои тасодуфӣ дар сомонаи www.random.org дар охири иқдом, яъне аввали моҳи ноябри соли 2021 муайян карда мешавад.

Дар бораи шаффофият:
Барои таъмини шаффофияти иқдом, тамоми равандҳо онлайн дар саҳифаҳои бонк дар сомонаҳои иҷтимоии Facebook ва Instagram гузаронида хоҳанд шуд. Барои муайян кардани барандаи мукофоти асосӣ бошад, дар ҳузури меҳмонон ва мизоҷони бонк бо пахши зинда гузаронида мешавад. Кормандони бонк ва шаҳрвандони бо бонк алоқаманд (хешовандони наздики кормандон) аз ҳуқуқи иштирок дар озмун маҳрум карда шудаанд.

Шартҳои иқдом:
- иқдом ба ҳама шаҳру ноҳияҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки филиалҳо ва МХБ-ҳои бонк мавҷуданд, дахл дорад;
- ҳар як интиқоли мизоҷ ҳангоми генератсияи рақамҳо ба назар гирифта мешавад. Чӣ қадаре ки интиқолҳо бисер шаванд, ҳамон қадар имконияти бурд зиёдтар хоҳад буд;
- дар интиқол танҳо интиқолҳое, ки тавассути кортҳои Спитамен Бонк ё системнизомҳои НПСР дар нуқтаҳои хизматрасонии бонк гузаронида мешаванд, иҷозат дода мешаванд;
- дар иқдом ғайрирезидентҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, кормандони бонк ва шаҳрвандоне, ки шахсони бо бонк алоқаманд мебошанд ширкат варзида наметавонанд;

Маълумоти иловагӣ:
Ҳама иттилооти марбут ба иқдом дар сомонаи бонк spitamenbank.tj, дар саҳифаҳои Спитамен Бонк дар шабакаҳои иҷтимоӣ, инчунин дар телевизион, радио ва дигар ВАО фаъолона нашр карда мешавад.
Ғайр аз он, шумо метавонед тафсилоти иқдоми "Хона бурд намо" -ро тавассути занг задан ба маркази тамос бо рақамҳои +992 (44) 6406565 ё бо рақами кӯтоҳи 6565 аз телефони мобилӣ (занг ройгон аст) дастрас намоед.


Бозгашт