Дурнамои ҳамкориҳои Спитамен Бонк ва Тинкофф Бонк - Спитамен Бонк

Дурнамои ҳамкориҳои Спитамен Бонк ва Тинкофф Бонк

28.09.2021



10 сентябри соли 2021 дар пойтахти Федератсияи Русия шаҳри Маскав вохӯрии кории намояндагони Спитамен Бонк ва Тинкофф Бонк баргузор шуд, ки дар он дурнамои татбиқи лоиҳаҳо дар соҳаи маҳсулотҳои инноватсионӣ ва болобардории шаффофияти маҳсулотҳои бонкӣ баррасӣ гардиданд.

Муовини якуми Раиси Раёсати Спитамен Бонк Ҳикматов Умедҷон қайд мекунанд: "Ҳамкории мо бо Тинкофф Банк як марҳилаи дигари татбиқи стратегияи мо оид ба тавсеаи маҳсулоти технологӣ дар Тоҷикистон, пешниҳоди хизматрасониҳои баландсифат, муосир ва боэътимоди бонкӣ ба мизоҷон мебошад."

Спитамен Бонк айни замон дар пешниҳоди лоиҳаҳои инноватсионӣ аз бонкҳои пешқадамтарин дар ҷумҳурӣ ба шумор меравад ва роҳандозии ҳамкорӣ бо Тинкофф Бонк- яке аз бонкҳои технологӣ ва пешрафтаи Федератсияи Русия, имконият медиҳад доираи истифодабарии пардохтҳои ғайринақдӣ ба таври назаррас васеъ карда шуда, татбиқи хизматрасониҳои онлайни бонкӣ ба сатҳи нав гузаранд.


Бозгашт