Боз як қадам сӯи болобардории саводнокии молиявӣ аҳолӣ

10.06.2021



Санаи 9 июн Спитамен Бонк ва Донишгоҳи давлатии молияву иқтисоди Тоҷикистон дар роҳи болобардории саводнокии молиявии ҷовонон созишномаи ҳамкорӣ оид ба ворид кардани фанни “Саводнокии молиявӣ” ба барномаи таълимии донишгоҳ созишнома ба имзо расониданд.
IMG_8937.JPG
Ректори ДДМИТ мӯҳтарам Шукрулло Хайрзода ташаббуси Спитамен Бонк ва муаллифи китоб муовини аввали Раиси Раёсати Спитамен Бонк Ҳикматов Умедҷон Сафаралиевичро хуш пазируфта, аҳамияти баланд бардоштани саводнокии молиявии ҷавононро хеле боло орзёбӣ намуданд.
IMG_8963.JPG
Ғайр аз ин, ба шахсони масъул аз ҷониби ректор дастур дода шуд, ки дар баробари аз 1-уми сентябри соли ҷорӣ ворид гаштани дарси мазкур ба барномаи таълимӣ, инчунин нақшаи чорабиниҳо дар самти фарогири бештари аҳолӣ, гузарониданидарсҳои такмили ихтисосии устодон ва барномаҳои телевизионӣ низ омода карда шаванд.
Дар охири вохӯрӣ ба китобхонаи донишгоҳ 50 нусха китоб тақдим карда шуд.


Бозгашт