Сарҳадҳои ҳамкорӣ васеъ мешаванд: Спитамен Бонк ва CGFT шартномаи ҳамкорӣ ба имзо расониданд - Спитамен Бонк

Сарҳадҳои ҳамкорӣ васеъ мешаванд: Спитамен Бонк ва CGFT шартномаи ҳамкорӣ ба имзо расониданд

12.11.2020

3.jpg

Гузаштаи наздик, тирамоҳи соли равон, дар Саридораи ҶСП "Спитамен Бонк" имзои расмии созишномаи ҳамкорӣ миёни Спитамен Бонк ва CGFT (Фонди кафолати қарзҳо дар Тоҷикистон) сурат гирифт. Дар чаҳорчӯбаи ин созишнома, акнун мизоҷони Спитамен Бонк, новобаста аз мавҷудияти таъминот, имкони баррасии қарзро доранд.

Айни замон, тавсеаи хизматрасониҳои бонкӣ, алахусус қарздиҳӣ, яке аз шартҳои навсозии иқтисодиёт ва ноил шудан ба рушди устувори иқтисодӣ дар кишвар мебошад. Аз воситаҳои анъанавӣ, ки дар кишварҳои хориҷӣ ва алахусус дар Аврупо, барои осон кардани дастрасии корхонаҳои хурду миёна ба маблағгузории беруна истифода мешаванд, ин кафолати қарзӣ мебошад. Агар Бонк фишанги муҳим барои рушди устувори КХМ бошад, пас маблағҳои қарзӣ ва кафолатӣ ҳамчун механизме амал мекунанд, ки ба қарзгирандагони бидуни гарав дар истифодаи ин фишанг кӯмак мерасонад.

1.jpg

Спитамен Бонк бо мақсади мусоидат намудан дар ҳавасмандгардонии корхонаҳои хурду миёна ва пайравӣ аз таҷрибаи кишварҳои пешрафтаи ҷаҳон дар мутобиқсозии механизми самараноки кафолати амнияти қарзӣ, дар якҷоягӣ бо шарики худ CGFT шароити нави қарздиҳиро ба корхонаҳои хурду миёна ҷорӣ намуд. Ба туфайли ин навовариҳо мо метавонем дар бозори молиявии Тоҷикистон на танҳо ҳаҷми қарздиҳиро ба таври назаррас афзоиш диҳем, балки инчунин ба гурӯҳҳои мақсадноки мизоҷоне, ки қаблан аз сабаби норасоии таъминот ё набудани он, аз имкони гирифтани қарз маҳрум буданд, хизмат расонем. "Илова бар ин, кафолатҳои CGFT дар устуворӣ ва сифати портфели қарзӣ саҳм хоҳад дошт - шарҳ дод Умедҷон Ҳикматов, муовини якуми Раиси Раёсати Спитамен Бонк.

Барномаҳои шарикӣ ба мизоҷон пешниҳодҳои ҷолиби алтернативӣ медиҳанд, то онҳо ниёзҳои худро ба захираҳои қарзӣ истифода бурда, дар рушди самараноки бозори қарзӣ мусоидат кунанд. Маҳз набудани гарав яке аз монеаҳои асосии гирифтани қарз мешавад. Дар чунин ҳолат, Фонди Кафолатҳо - CGFT метавонад ин гаравро тавассути додани кафолатҳои қарзӣ, ки қисми муҳими гаравро иваз мекунанд, пешниҳод кунад.

2.jpg

Айни замон CGFT кафолати қарзро дар ҳаҷми аз 2000 то 500 000 доллари ИМА ё баробар ба эквиваленти он бо асъори миллӣ-сомонӣ таъмин намуда метавонад.

CGFT - Фонди Кафолати Қарзии Тоҷикистон GmbH (Фонди кафолати қарзии Тоҷикистон) ширкати байналмилалиест, ки марказаш дар Берлин воқеъ буда, ба бахши молиявии Тоҷикистон хизматҳои муайян мерасонад. Бо пешниҳоди кафолати қарзӣ ва кӯмаки техникӣ ба ташкилотҳои молиявии шарики Тоҷикистон, CGFT дастрасӣ ба маблағгузории корхонаҳои хурд ва миёна (КХМ) -ро беҳтар намуда, дар эҷод ва таҳкими ҷойҳои корӣ дар Тоҷикистон мусоидат мекунад. Муассисони CGFT инҳоянд: Корпоратсияи Олмон оид ба сармоягузорӣ ва рушд (DEG, Deutsche Investitions- und Entwicklungsgesellschaft mbH); Бонки Рушди Австрия (Oesterreichische Entwicklungsbank AG (OeEB)) ва FMO - Бонки Рушди Нидерланд (Nederlandse Financierings-Maatschappij voor Ontwikkelingslanden N.V.)


Бозгашт