Хуш омадед-2020
Системаи таълими дохилии Спитамен Бонк яке аз системаҳои мутараққӣ ба ҳисоб меравад. Ба мутобиқсозии кормандони нав беш аз пеш диққат дода мешавад. Ба ақидаи роҳбарияти бонк, раванди омодагӣ ва мутобиқшавӣ ҳар қадар беҳтар гузарад, кори корманд дар оянда ҳамон қадар босифат хоҳад буд.
Охири моҳи ноябр роҳбарияти Спитамен Бонк дар семинари "Хуш омадед-2020", ки дар он 88 корманди нав ба Спитамен Бонк қабулшуда иштирок карданд, аз наздик шиносоӣ пайдо намуда, ба онҳо дарси аввал ба гузарониданд.
"Барои мо хеле муҳим аст, ки корманд дар рӯзҳои аввали кориаш сатҳи огоҳии бонкро баланд бардорад, дар муҳити нав худро хуб эҳсос кунад ва ба саволҳои худ аз симоҳои аввали бонк посух гирад." - эзоҳ медиҳад Лобар Мирзоева, сардори шуъбаи таълимии Спитамен Бонк.
Семинари мазкур на танҳо бо мақсади дастгирӣ ва роҳбаладии кормандони нави бонк, инчунин бо мақсади шиносоӣ бо роҳбарият ва ҳангоми пайдошавии масъалаҳои корӣ, бевосита ба онҳо муроҷиат намуданашон , равона карда мешавад.
“Ташаккури зиёд барои семинар. Ман дониши худро ба таври назаррас васеъ кардам, бешубҳа, он манфиати амалӣ хоҳад дод. Мулоқот бо роҳбарони Спитамен Бонк на танҳо муфид, балки хуб ҳам буд! ”- изҳори миннатдории иштирокчии семинар Одинаева Насиба.