Қадрдонии кормандони пешсаф - Спитамен Бонк

Қадрдонии кормандони пешсаф

09.12.2020

IMG_5638.JPG

Мизоҷон - боигарии асосии моянд. Аммо бевосита, бо риояи меъёру қоидаҳои муқарраршуда ба мизоҷон кӣ хизматрасонӣ менамояд? Одатан, мо онҳоро кормандони пешсаф меномем. Онҳо ҳам кормандони шуъбаи қарзӣ, ҳам амалиётчиён ва ҳам хазинадорон мебошанд.

Ин кормандон унсури асосӣ мебошанд, ки аз сифати корашон қаноатмандӣ ва садоқати ҳар як мизоҷ ва шукуфоии бонк  вобаста аст: тарзи машварат, хизматрасонӣ, қабул ва баррасии шикояту пешниҳодҳо.

IMG_5555.JPG

Ва дар авҷи паҳншавии пандемия, маҳз ҳамин кормандон, новобаста аз вазъи душвор, ба аҳолӣ хизматрасонӣ карда, дар сафи пеши корӣ буданд!

Роҳбарияти Спитамен Бонк ба самараи кории ҳар яки онҳо баҳои баланд дода, кормандони пешқадамро барои меҳнати софдилона, дастовардҳои назаррас дар фаъолияти касбӣ ва саҳми беандоза дар рушду таҳкими нуфузи Спитамен Бонк бо Ифтихорнома сарфароз гардониданд.

IMG_5617.JPG

Мукофотро шахсан муовини раиси Раёсати Спитамен Бонк Сайфуллозода Сулаймон супорида, ба ҳар як корманд барои меҳнати пурмашаққаташон изҳори миннатдорӣ намуданд.

IMG_5574.JPG



Бозгашт