"Бренди сол 2019". Спитамен Бонк: ҷоизаи тиллоӣ дар номинатсияи "Беҳтарин бонк" - Спитамен Бонк

"Бренди сол 2019". Спитамен Бонк: ҷоизаи тиллоӣ дар номинатсияи "Беҳтарин бонк"

19.12.2019

IMG_0713.jpg

Дар ҷоизаи «Бренди сол- 2019», ки 18 декабри соли 2019 дар толори консертии Суруш холл баргузор гардид, Спитамен Бонк бо мукофоти баландтарин дар номинатсияи «Беҳтарини Бонк» қадр карда шуд.

Ташкилкунандаи бевосита ва иҷрокунандаи озмун Маркази миллии маълумотдиҳии патентӣ (Идораи патентӣ) мебошад.

Дар чорабинӣ намояндагони вазорату идораҳои ҷумҳурӣ, ташкилотҳои байналмилалӣ, инчунин намояндагони бахши хусусӣ ширкат варзиданд. Маросимро сухани ифтитоҳии Вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон Неъматулло Ҳикматуллозода ҳусни оғоз бахшид. Аз ҷумла, ӯ қайд кард, ки пешбурди бренд ба корхонаҳо ва созмонҳо имкон медиҳад, ки рақобатпазирии маҳсулоти худро рушд диҳанд ва ба ин васила ба рушди иқтисодӣ ва тараққиёти кишвар мусоидат кунад.

Озмун 25- уми сентябри соли 2019 оғоз ёфта буд. Соли ҷорӣ дар номинатсияҳои гуногун 92 бренд, аз ҷумла Спитамен Бонк барои ширкат дар озмун дархост пешниҳод намуда буданд.

Ба гуфтаи созмондиҳандагони ин чорабинӣ, ҳадафҳои озмун муайян кардани бренди муваффақ, ташвиқ ва ҳавасманд кардани ширкатҳо барои истифода ва пешбурди бренди худ мебошанд.


Бозгашт