Спитамен Бонк ва муҳоҷирон - Спитамен Бонк

Спитамен Бонк ва муҳоҷирон

25.12.2019

photo_2019-12-23_17-05-15.jpg

18 декабри соли 2019, дар толори конфронсии меҳмонхонаи «Hilton» маросими супоридани ҷоизаи II-юми "Ҳимоятгари беҳтарини ҳуқуқи муҳоҷирон" баргузор гардид, ки дар он намояндаи Спитамен Бонк дар мавзӯи рӯзмарраи дахлдор ба муҳоҷирон: "Интиқоли пул" баромад намуд.

Чорабиниро Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар якҷоягӣ бо шарикони рушд: Институти Ҷамъияти Кушода, Бунёди Мадад дар Тоҷикистон ва Маркази ҳуқуқи инсон созмон доданд.

Спитамен Бонк, ки бонки аз ҷиҳати иҷтимоӣ масъул мебошад, фавран ба масъалаҳои рӯзмарраи бахши бонкӣ, аз ҷумла ба масъалаҳои муҳоҷирони меҳнатӣ диққати махсус ҷудо менамояд.

Бо назардошти аҳамияти ногузири интиқоли пулҳои муҳоҷирони меҳнатӣ, Спитамен Бонк дар якҷоягӣ бо шарикони тиҷоратӣ мунтазам маҳсулот ва хизматрасониҳои қулайро барои ин аудитория ҷорӣ менамояд.

Хизматрасониҳои нав, аз қабили интиқол тавассути QIWI Бонк, аз марказҳои хизматрасонии Связной ва МегаФон, инчунин интиқол тавассути барномаҳои Алфа-Бонк, Ак Барс Бонк, Бонки “Окритие» ва Сбербанк Онлайн ба мизоҷон имкон медиҳанд дар дилхоҳ вақти барои онҳо қулай, бе интизоршавӣ дар навбатҳои тӯлонӣ, маблағҳои пулиро ба хешовандони дар Тоҷикистон будаи худ интиқол диҳанд.



Бозгашт