Фаврӣ пур кардани ҳисоби кортҳо бе комиссия тавассути терминалҳои QIWI

03.07.2019

513.jpg

Спитамен Бонк дар ғамхории бароҳатии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, мунтазам хусусияти нави кортҳои пардохтиро ҷорӣ мекунад. Имрӯз, мо бо хушҳолӣ дар бораи татбиқи лоиҳаи навбатӣ оид ба ройгон пур намудани ҳисоби кортҳои бонкии низоми пардохтии Корти миллии бонкҳои кишвар, инчунин кортҳои низоми байналмиллалии UnionPay ва VISA-и Спитамен Бонк тавассути терминалҳои QIWI, ки дар ҳудуди Федератсияи Русия ҷойгир аст, хабар медиҳем. 


  Акнун, бо воситаи терминалҳои QIWI Шумо метавонед, фавран ҳисоби корти бонкиро бо пули нақд пур кунед! Барои аксарияти ҳамватанони мо, ки дар қаламрави Федератсияи Русия ҳастанд, ин воситаи нави муносиб барои пур кардани ҳисоби корти хешовандон ва наздикони онҳо дар Тоҷикистон мебошад. 


 Барои пур кардани ҳисоби кортҳои бонкии низоми Корти миллӣ, ки барориши дилхоҳ бонки Тоҷикистон аст, дар терминалҳои QIWI қисми "Интиқол ба корти бонкӣ"-ро интихоб карда, рақами кортро ворид кардан лозим аст.
 Мӯҳлати интиқоли маблағ чанд сония аст. Комиссия аз ин амалиёт гирифта намешавад. 

 
  Илова ба кортҳои низоми Корти миллӣ, шумо метавонед ҳисоби кортҳои низоми байналмиллалии UnionPay ва VISA-ро, ки аз тарафи Спитамен Бонк бароварда шудаанд, тавассути терминалҳои QIWI пур кунед.


Бозгашт