Интиқол ба корт: Ак Барс Бонк ва Открытие Бонк - Спитамен Бонк

Интиқол ба корт: Ак Барс Бонк ва Открытие Бонк

23.12.2019

Открытие.jpg

18 декабри соли 2019 - Ак Барс Бонк ва Откритие Бонк лоиҳаи муштаракро оид ба пур кардани кортҳои бонкии низоми миллии пардохти Корти Миллӣ-и ҳама бонкҳо ва кортҳои низомҳои UnionPay ва VISA- и Спитамен Бонк тавассути барномаи Ак Барс Бонк ва Откритие Бонк (Федератсияи Русия) оғоз карданд.

Спитамен Бонк, чун бонки аз ҷиҳати иҷтимоӣ масъул, дар давраи гузариш ба маркази миллии протсессингии интиқоли пул, ба муҳоҷирони меҳнатӣ диққати махсус ҷудо намуда, бо ташкилотҳои пешрафтаи молиявии Федератсияи Русия фаъолона ҳамкорӣ ба роҳ монда истодааст, то мизоҷон тавонанд бемамоният тавассути барномаҳои ин бонкҳо ба корти наздиконашон маблағ интиқол диҳанд.

Шарики навбатии Спитамен Бонк дар татбиқи лоиҳаи такмил додани кортҳои бонкӣ Ак Барс Бонк ва Откритие Бонк шуд.

Дорандагони кортҳои бонкии низоми миллии пардохтҳои Корти Миллӣ-и ҳама бонкҳои Тоҷикистон ва кортҳои низомҳои байналмилалии UnionPay ва VISA- и Спитамен Бонк метавонанд интиқолҳои пулиро тавассути барномаи Алфа-Бонк (Федератсияи Русия) ба корти худ гиранд.

Ҳаққи хизмат барои интиқол ситонида намешавад. Интиқол бо рубли русӣ ва пас аз мубодилаи минбаъда ба суратҳисоб бо асъори миллӣ (сомонӣ) дар вақти воқеӣ амалӣ карда мешавад. Маблағи максималии якбора интиқолшаванда 15 000 рубли русиро ташкил дода, нисбати шумораи амалиётҳо ягон маҳдудият вуҷуд надорад.

Маълумоти муфассалро дар бораи хизматрасониҳои Спитамен Бонк, дар соомонаи бонк https://www.spitamenbank.tj , нуқтаҳои хидматрасонӣ ва ё тавассути рақами Маркази Тамос 6565 гиред (занг аз ҳама операторҳои мобилии Тоҷикистон ройгон аст).


Бозгашт