Спитамен Бонк ва Росселхозбонк муносибатҳои мустақими муросилотӣ барқарор намуданд - Спитамен Бонк

Спитамен Бонк ва Росселхозбонк муносибатҳои мустақими муросилотӣ барқарор намуданд

20.12.2019

44.jpg

Дар фаъолияти худ, Спитамен Бонк кӯшиш менамояд, ки ҳамкориҳои дарозмуддати мутақобилан судмандро тавассути васеъ намудани робитаҳои муросилотӣ бо бонкҳои пешрафтаи ҷаҳон густариш диҳад.

18 декабри соли 2019, Спитамен Бонк ва Росселхозбонк-и Русия ҷиҳати барқарор кардани муносибатҳои мустақими муросилотӣ созишнома ба имзо расониданд, ки дар натиҷаи он суратҳисобҳо бо се асъори асосӣ кушода шуданд: доллари ИМА, евро ва рубли русӣ.

Мавҷудияти ҳисобҳои муросилотии мустақим ба Спитамен Бонк имконият медиҳад, ки ба мизоҷон доираи васеи хизматрасониҳоро бо асъори хориҷӣ, ки дар амалияи байналмилалӣ татбиқ мешаванд, пешниҳод намояд.

Маълумоти муфассалро дар бораи шартҳои ҳисоббаробаркуниҳои мустақими муросилотӣ аз наздиктарин филиал ва Марказҳои хизматрасонии бонкии Спитамен Бонк, аз сомонаи расмӣ бо суроғаи https://www.spitamenbank.tj ва ё тавассути рақамҳои Маркази тамос (Call-центр): (+992) 44 640-65-65 (зангҳо ба рақами кӯтоҳи 6565 аз ҳамаи операторони мобилӣ - ройгон) дастрас кунед.


Бозгашт