Спитамен Бонк ва пардохтҳои ғайринақдӣ
Рузҳои 6-7 декабри соли 2018 Спитамен Бонк дар Форуми Байналмиллалии “Роҳ ба суи иқтисоди ғайринақдӣ. Инноватсияҳо-Инфраструктура –Инклюзив”, ки бо ташаббуси Бонки миллии Тоҷикистон бо ҳамкории Бонки Ҷаҳонӣ ва Ширкати Байналмиллалии Молиявӣ ташкил шуда буд, иштирок намуд.
Дар доираи ин форум Роҳбари Департаменти кортҳои бонкӣ Исҳаков Дилшод намоиши 2 лоиҳаро пешниҳод намуд, ки аз ҷониби Спитамен Бонк баҳри баланд бардоштани ҳиссаи пардохтҳои ғайринақдӣ татбиқ шудааст: хизматрасонии “Пардохти мобилӣ якҷоя бо ширкати мобилии МегаФон Тоҷикистон ва барномаи Spitamen Pay .
Барои иштирокчиён ва меҳмонони форум як гӯшаи намоишии Спитамен Бонк ташкил карда шуд, ки хоҳишмандон метавонистанд бо маҳсулот ва хизматрасониҳои инноватсионии бонкӣ дар соҳаи пардохтҳои ғайринақдӣ шинос шаванд. Инчунин истифодаи амалии технологияҳоро дар бахши молиявӣ бинанд.
