Паёми солонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Парлумон
Кормандони Спитамен Бонк ба тамошои Паёми ҳарсолаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Парлумон,ки 26 декабри соли 2018 дар қасри “Кохи Сомон” баргузор гардид ҳамроҳ гардид.
Пешвои миллат дар паёми солона ба парлумони кишвар самтҳои асосии сиёсати хориҷӣ ва дохилии давлат ва нақшаи рушди иҷтимоию иқтисодии кишварро дар соли оянда муайян мекунад.
Дар мулоқот бо вакилони парлумон, роҳбарони вилоятҳо, шаҳру ноҳияҳо, вазорату идораҳо, олимон, фарҳанг ва маориф, намояндагони корпуси дипломатӣ ва созмонҳои байналмилалӣ ширкат варзиданд.
Пахши мустақими Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро аз телевизиони давлатии Тоҷикистон ҳам дар Саридора ва ҳам дар филиалҳо тамошо карданд.