Тренингҳо дар вилояти Суғд
Дар тренинг оид ба “Асосҳои микроқарзҳо. Сатҳи 1” чаҳор нафар коромӯзони шӯъбаи қарзии филиали Спитамен Бонк дар шаҳри Хуҷанд иштирок намуданд. Пас аз анҷом ёфтани тренингҳо коромӯзон бомуваффақият имтиҳонро супориданд. Барои мутахассисони қарзии филиалҳои шаҳри Хуҷанд ва Истаравшан тренингҳо оид ба баланд бардории саводнокии молиявии аҳолӣ, ки мақсади асосии онҳо омӯзонидан ва мустаҳкам кардани малакаҳои машваратӣ дар соҳаи саводнокии молиявии аҳолӣ мебошад, гузаронида шуданд. Дар тренинг 9 нафар мутахасиссони қарзӣ иштирок доштанд. Тренинги мазкур идомаи анъанаи дастгирии лоиҳаи иҷтимоӣ оид ба саводнокии молиявии аҳолӣ буда, аллакай дар моҳи минбаъда яке аз мутахассисони қарзӣ мустақилона барои аҳолӣ тренинг гузаронида метавонад.
Дар рӯзи охирин тренинг доир ба мавзӯи: “Хизматрасонӣ олӣ: хизматрасонии муваффақ дар шӯъбаи амалиётии бонк”. Мақсади тренинги мазкур омӯзонидани мутахассисони шӯъбаи амалиётӣ барои хизматрасонии босифат ба мизоҷон мебошад. Дар тренинг 9 нафар кормандон иштирок намуданд.
Аз суханони иштирокчиён хафтаи пур аз тренингҳо дар таҷриба пурсамар буд.
Ёдовар мешавем, ки аз ҷониби шӯъбаи такмилдиҳии кормандон ҳар моҳ 5 тренинг барои баланд бардоштани сатҳи хизматрасонӣ ва беҳтар намудани сифати кори бонк гузаронида мешавад. Ғайр аз ин, мунтазам тренингҳо оид ба бардоштани сатҳи саводнокии молиявии аҳолӣ, ҳам барои кормандон ва ҳам барои аҳолӣ гузаронида мешаванд.