Тренинг оид ба саводнокии молиявӣ барои муҳоҷирон - Спитамен Бонк

Тренинг оид ба саводнокии молиявӣ барои муҳоҷирон

23.10.2017

Ҳафтаи гузашта, маркази таълимии ҶСП "Спитамен Бонк" аз тарафи Ташкилоти ҷамъиятии "Кӯдакон, гурезагон ва шаҳрвандони осебдида" (RCVC) барои гузаронидани тренинг оид ба саводнокии молиявии даъват карда шуд.

Тренинги мазкур барои гурезагон-бенефитсиарон гузаронида шуд. Дар тренинг 41 нафар, 28 зан ва 13 мард, иштирок доштанд. Мақсади тренерон омӯзонидани малакаҳои истифодаи самарабахши молияе, ки ба гурезаҳо барои рушди соҳибкорӣ дода мешаванд, буд.

Бояд қайд намоем, ки тренинг, инчунин ба Рӯзи ҷаҳонии пасандозҳо бахшида шуда буд. Ғайр аз ин, чи хеле мутахассиси шӯъбаи омӯзишӣ Maнижа Ёрмамадова хабар дод, ин тренинг, на танҳо давоми силсилаи тренингҳои оид ба саводнокии молиявист, балки хусусияти иҷтимоӣ низ дорад.

"Спитамен Бонк", аллакай ду сол аст, ки фаъолона лоиҳаҳои бахшида ба баландбардории саводнокии молиявии аҳолӣ бударо дастгирӣ менамояд ва ҳар моҳ то 5 тренинг барои шахсони синну соли гуногун баргузор менамояд.

3.jpg

Бозгашт