Гирифтани маълумот - боз ҳам осонтар!
Акнун, вақте ба “Спитамен Бонк” ба рақамҳои 65-65 занг мезанед, ба диққати шумо маълумот дар бораи маҳсулоту хизматрасониҳо, бо таври автоматикӣ, пешниҳод мешавад. Ғайр аз ин, имконияти гирифтани маълумоти зарурӣ бо тарзи SMS-паём низ пайдо шудааст. Чунин хизматрасонӣ танҳо дар “Спитамен Бонк” ба роҳ монда шудааст. Барои баландтар гардонидани сатҳи хизматрасонии маркази зангҳо, гуфтугӯ бо кормандони марказ сабт мешавад. Дар рӯзҳои истироҳатӣ низ, мизоҷон метавонанд муроҷиатҳояшонро гузоранд ва баъдтар маълумоти заруриро пайдо кунанд.
Хотиррасон менамоем, ки Хадамоти маълумотии “Спитамен Бонк” дар давоми ҳафта, шабонарӯз фаъол аст. Барои гирифтани маълумот доир ба маҳсулоту хизматрасониҳо танҳо ба рақамҳои 65-65 (аз телефонҳои мобилиӣ) ё 44 640-65-65 занг задан кофӣ аст.