Анҷоми тренинг оид ба ҳисобдории идоракунӣ-2 ва менеҷменти молиявӣ - Спитамен Бонк

Анҷоми тренинг оид ба ҳисобдории идоракунӣ-2 ва менеҷменти молиявӣ

10.05.2017

Ҳафтаи гузашта, силсилаи тренинг оид ба баҳисобгирии идоракунӣ-2 ва менеҷменти молиявӣ барои кормандони Спитамен Бонк ба итмом расиданд.

Анатолий Венгер бизнес-мураббии маъруф пас аз мулоқот, вақти холӣ ёфта, онро ба ҳамкасбони мо бахшид. Кормандони мо малакаҳои худро дар идоракунии баҳисобгирӣ-2, муҳосибот дар асоси СБҲМ ва табдили ҳисоботи молиявӣ, дар давоми даҳ рӯз бо ҷидду ҷаҳд такмил доданд. Мақсади тренинг омода кардани кормандони бонк ба имтиҳон барои гирифтани сертификати CIPA буд.



Айни замон, дар кишвари мо 17 нафар дорандагони сертификатҳои CIPA ҳастанд.
Дар хотимаи тренинг Анатолий Венгер ба иштирокчиён миннатдорӣ баён карда, изҳори умед намуд, ки иштирокчиён донишҳои гирифтаашонро дар имтиҳоне, ки моҳи июл баргузор мегардад ба кор бурда, муваффақ хоҳанд шуд.
Иштирокчиёни тренинг барои анҷоми бомуваффақияти омӯзиш доир ба баҳисобгирии идоракунӣ 2 ва менеҷменти молиявӣ соҳиби сертификатҳо гардиданд.

Ёдовар мешавем, ки Спитамен Бонк таълими кормандонро дастгирӣ намуда, ҳар сол даҳҳо тренингҳои омӯзишӣ барои такмили кормандон, бо иштироки мураббиёни даъватшуда баргузор мегарданд.


Бозгашт