Маросими тақдими ҷоизаи мусобиқа оид ба футболи “Спитамен Бонк” - Спитамен Бонк

Маросими тақдими ҷоизаи мусобиқа оид ба футболи “Спитамен Бонк”

31.05.2017

Чорумин мусобиқа оид ба мини футбол барои ғолиби Ҷоми чемпиони Спитамен Бонк анҷом ёфт.

Бино ба натиҷаҳои мусобиқа, ғолиби чемпионат ва соҳиби Ҷоми чемпион дастаи «БЭК офис» гашт. Ҷои дуюм ва сеюмро дастаҳои «Хазинадорӣ» ва «департаменти Амният» бо медалҳо ва мукофотҳои пулӣ соҳиб гаштанд. Илова ба ғолибон, бозингарони беҳтарини чемпионат ва мухлисон бо дипломҳо сарфароз гардонида шуданд.



Хотиррасон мекунем, ки 18 дастаи Спитамен Бонк дар давоми як моҳ аз 22 апрел то 23 май мусобиқа доштанд. Дастаҳо бозии арзанда нишон дода, ташкилкунандагон дар гузаронидани мусобиқа бештар дастгирӣ карданд.



Ташкилкунандагон, ҳамчунин миннатдории худро ба роҳбарияти Спитамен Бонк барои дастгирии ин ташаббус, баён мекунад.


Бозгашт