Тренинг оид ба рушди малакаҳои идоракунӣ барои кормандони ҶСП «Спитамен Бонк»
Аз 20 то 24 фервал дар маркази таълимии ҶСП «Спитамен Бонк» барои роҳбарони филиалҳо дар мавзӯи «Инкишофи малакаҳои идоракунӣ» тренинг баргузор гардид.
Мақсади тренинг на танҳо ба иштирокчиён додани донишҳои нав дар бораи идораи кормандон, балки инкишоф додани фаъолияти онҳо дар гурӯҳ буд.
Дар рафти тренинг иштирокчиён мавзӯъҳои ба монанди нақш ва масъулияти роҳбар, эҳтиёҷот ва ҳавасмандгардонии кормандон, муоширати муассир, ташкили дастаҳои пурсамар, муносибатҳо дар дохили гурӯҳ, рушди кормандон ва дигар ҷанбаҳои муҳими идоракунӣ омӯхта шуданд.
Ёдовар мешавем, ки «Спитамен Бонк» омӯзиши пайваста ва такмили ихтисоси кормандонро бо мунтазам ташкил намудани чунин тренинг ва семинарҳо дастгирӣ менамояд. Аз оғози сол ин аллакай ҳафтумин тренинги шўъбаи омӯзиш ва такмили кормандон буд.