Мутахассиси қарзии “Спитамен Бонк” беҳтарин гӯштингир дар байни донишҷӯёни ҷумҳурӣ гардид. - Спитамен Бонк

Мутахассиси қарзии “Спитамен Бонк” беҳтарин гӯштингир дар байни донишҷӯёни ҷумҳурӣ гардид.

01.06.2017

Корманди қарзии Спитамен Бонк Наимов Яъқубро, бо пирӯзии созовор дар озмуни Байниҷумҳуриявӣ оид ба гӯштин, байни донишҷӯёни донишгоҳҳои кишвар, табрик мегӯем!

Яъқуб чемпиони мутлақ дар байни донишҷӯёни донишгоҳҳои олӣ гардид. Мо бо мутахассисони ҷавон ва фаъоле, ки худро на танҳо дар соҳаи касбӣ, балки ҳамаҷониба зоҳир менамоянд, ифтихор дорем.



Наимов Яъқуб Саймуддинович 31.05.1994 дар шаҳри Душанбе таваллуд шудааст. Ӯ аз синни 10-солагӣ бо гӯштин машғул аст. Чанд маротиба дар мусобиқаҳои гуногун ғолибият пайдо карда, ҷойҳои сазоворро ишғол кардааст ва имрӯз, дастаи дӯстонаи мо, изҳори мафтунӣ ва ифтихори каломро баён мекунад!


Бозгашт