ҶСП «Спитамен Бонк» дар Олмон - Спитамен Бонк

ҶСП «Спитамен Бонк» дар Олмон

28.07.2017

Спитамен Бонк ҳамчун яке аз бонкҳои ҷавон ва инноватсионӣ, бо мақсади таъмин намудани маҳсулот ва хизматрасонии босифат барои мизоҷони худ, гузариши хизматрасонии кортҳои пардохтии VISA аз Спитамен Бонкро ба маркази протсессингии ширкати QUIPU, ки дар Франкфурт (Олмон) воқеъ аст, ба амал баровард.

Ширкати QUIPU дар бозори хизматрасониҳои протсессингӣ пешсаф буда, ба қоидаҳои бехатарӣ ва талаботҳои низомҳои пардохтӣ барои марказҳои протсессингӣ ҷавобгӯ аст ва маҷмӯи пурраи хизматрасониҳоро дар соҳаи таъминоти иттиллоотӣ-технологии пардохтҳои ғайринақдӣ бо истифодаи кортҳои бонкии низомҳои пардохти байналмилалии VISA International, ки дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон амал мекунад, таъмин менамояд.

12.jpg

Сабабҳои асосии гузариш ба протсессинги нав зерин аст:

  • дараҷаи баланди бехатарии амалиётҳои мизоҷон; 
  • имкониятҳои васеъи техникӣ ва технологии маркази протсессингии QUIPU; 
  • чораҳоии зиёд оид ба бехатарии маълумотҳои шахсии мизоҷон ». 

Ин гузариш ба мизоҷони Спитамен Бонк эътимоднокӣ ва амнияти баланд, инчунин истифодаи муносиби кортҳои беномро дар тамоми ҷаҳон ва барномаҳои мукофотониро таъмин хоҳад кард. 

Бояд қайд кард, ки дар ҷараёни омодагӣ ба гузариш ба маркази протсессингии QUIPU аз ҷониби Спитамен Бонк кори бузурге анҷом дода шуд, ки мақсади асосии он таъмин намудани ҳадди ҳифзи маълумотҳои мизоҷон, ҳамчунин эътимоднокии баланди амалиётҳои анҷом додаи онҳоро таъмин кунад. Илова бар ин, ҳамкорӣ бо QUIPU ба Спитамен Бонк дар соҳаи пешниҳоди маҳсулот ва хизматрасониҳои нав аз қабили барномаҳои мукофотонӣ, барориши кортҳои беном ва дигарҳо, ки дар бораи онҳо дар нашрияи дигар мегӯем, имкониятҳои нав медиҳад.


Бозгашт