Тренинг барои кормандони нав
18.07.2017
ОШӯъбаи такмили ихтисоси Спитамен Бонк дар доираи Барномаи баландбардории саводнокии молиявии аҳолӣ тренинг барои кормандони нав-мутахассисони қарзӣ баргузор намуд. Мақсади тренинги мазкур омӯзондани кормандон барои расонидани машварат ба мизоҷон оид ба саводнокии молиявӣ мебошад.
Бояд қайд намоем, ки дар доираи барномаи мазкур аз ҷониби шўъбаи такмили ихтисос ҳаҷми назарраси омӯзишҳо гузаронида шуд,ки зиёда аз 55 кормандони бонк фаро гирифта шуданд.