Муносибатҳои муросилотӣ бо Сбербанк
20.07.2017
ҶСП “Спитамен Бонк” хабари хуш дорад: Пас аз музокироти тӯлонӣ, мо муносибатҳои муросилотиро бо пешсафи низоми бонкии Русия Сбербанк барқарор кардем.
Ташкили муносибатҳои муросилотӣ бо бонкҳои пешбари Русия ва давлатҳои Аврупо, яке аз самтҳои афзалиятноки бонк барои таъмин намудани шабакаҳои хизматрасонии амалиётҳои содиротӣ-воридотии мизоҷони бонк аст.
Қадами мазкур, албатта, барои тезонидан ва беҳтар намудани сифати хизматрасонии пардохтҳои мизоҷони мо мусоидат намуда, инчунин умедворем, ки самтҳои ҳамкории мо васеъ мегарданд.