Тренинг оид ба саводнокии молиявии аҳолӣ барои соҳибкорони ҷавон
Тренинги мазкур дар доираи лоиҳаи баланд бардоштани саводнокии молиявии аҳолӣ баргузор гардид ва Спитамен Бонк ин лоиҳаро соли дуюм аст, ки дастгирӣ менамояд. Дар тренинг 14 нафар соҳибкорони ҷавон иштирок намуданд.
Мавзӯи асосии тренинг қарзҳо, чӣ тавр аз муассисаҳои молиявӣ қарз гирифтан, ба чӣ диққат додан, то ин ки ба асорати қарзӣ наафтидан ва чӣ тавр захираҳои худро самаранок истифода бурдан буд.
Иштирокчиён инчунин, изҳори ҳавасмандӣ ба лоиҳаи саводнокии молиявӣ нишон дода, миннатдорияшонро ба Спитамен Бонк барои дастгирии иқдоми мазкур баён намуданд. Баъди хотимаи тренинг иштирокчиёнро бо маҳсулотҳои бонкӣ шинос карданд.
Ёдовар мешавем, ки "Спитамен Бонк" лоиҳаи саводнокии молиявии аҳолиро дастгирӣ намуда, ба ғайр аз нашрияҳо дар ВАО, фаъолона тренингҳо барои аҳолии кишвар баргузор менамояд.