Бизнес протсессинги амалиётҳои қарзӣ
27.07.2017
Имрӯз, тренинг дар мавзӯи “Бизнес протсессинги амалиётҳои қарзӣ” барои роҳбарони қарзӣ дар маркази тренингии ҶСП “Спитамен Бонк” гузаронида шуд.

Мақсади ин тренинг нишон додан ва шарҳи зина ба зинаи дастури ворид намудани ҳуҷҷатҳои мизоҷони қарзӣ дар низомҳои ALFRESCO, SALESFORCE, ORACLE FLEXCUBE, инчунин инкишоф додани қобилияти кор барии донишҳо дар амал мебошад.
Ёдовар мешавем, ки шўъбаи такмили ихтисоси кормандони Спитамен Бонк мунтазам тренингҳои махсус барои кормандон ва коромӯзон бо мақсади беҳтар намудани маҳорати касбӣ, ҳавасмандгардонӣ ва рушди касбӣ ташкил менамояд.