Тренингҳо барои рушди кормандони ҶСП «Спитамен Бонк» - Спитамен Бонк

Тренингҳо барои рушди кормандони ҶСП «Спитамен Бонк»

24.01.2017

ҶСП «Спитамен Бонк» рушд ва тайёр кардани мутахассисонро барои самаранокии кори бонк дастгирӣ менамояд. Ҳамин тариқ, танҳо дар моҳи январ панҷ тренинг барои кормандони бонк гузаронида шуданд.

Аз ҷониби шӯъбаи таълим ва такмилдиҳии кормандон барои мутахассисони қарзӣ ду тренинг дар мавзӯи «Инкишофи малакаҳои кор бо мизоҷон» баргузор гардид. Дар тренингҳои мазкур 24 нафар мутахассисони қарзӣ аз филиалҳои шаҳри Душанбе, Турсунзода, Ҳисор ва Ваҳдат иштирок карданд. Вазифаҳои тренинг: омӯзондани мутахассисони қарзӣ дар ҳама зинаҳои хизматрасонии мизоҷон, рушди малакаҳои хизматрасонии комил, рушди қобилияти ҳамкории самаранок бо мизоҷон, нишон додани чӣ тавр бо эътирозҳо, арзу шикояти мизоҷон кор кардан лозим аст.

Training_SD.jpg

ҶСП «Спитамен Бонк» инчунин ба мутахассисони ҷавон диққат медиҳад. Бо назардошти ин тренинг барои 11 нафар коромӯзони шӯъбаҳои қарзии филиалҳои шаҳрҳои Қурғонтеппа, Хуҷанд, Душанбе баргузор гардид. Тренинг давоми ҳафта аз 16 то 20 январ давом ёфт. Мавзӯи тренинг тамоми ҷанбаҳои қарздиҳиро аз маркетинг то ба мониторинг иҳота намуд. Иштирокчиён дар баробари омӯзиши ҳисоботи молиявӣ бисёр масъалаҳои амалиро, ки ба ҳар гуна бахшҳои гуногуни соҳибкорӣ ба мисли савдо, истеҳсолот ва хизматрасонӣ бахшида шудаанд, ҳал намуданд. Дар натиҷаи имтиҳон ҳамаи иштирокчиён аз ӯҳдаи вазифаҳои худбаромаданд: 3 нафар баҳои баланд аз 90% то 100%, 5 нафар аз 80% то 90%, 3 нафар аз 70% то 80% гирифтанд. Тавре, ки мураббӣ қайд намуд, ин натиҷаҳо хеле хуб дониста мешаванд ва дар оянда мутахассисон дар таҷрибаи оянда самаранок истифода бурда метавонанд.

Мавзӯи муҳими дигар дар тренингҳо барои оператсионист-хазинадорон «Мубориза бар зидди даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда ва маблағгузории терроризм» баррасӣ гардид. Дар ин тренинг масъалаҳои ба монанди: мақсад ва вазифаҳои хадамоти комплаенс, муайян кардани сатҳи хавф, меъёрҳои муайян намудани амалиётҳои шубҳанок фаро гирифта шудаанд. Дар маҷмӯъ дар ин тренинг 29 нафар кормандоне, ки бевосита бо мизоҷон сарукор доранд, иштирок доштанд.

Дар баҳодиҳии иштирокчиён судмандии баланд ва истифодаи донишу малакаҳои дар давоми тренинг ба даст омада, қайд карда шудааст.


Бозгашт