Боздиди Сафири Бритониёи Кабир дар Тоҷикистон Хю Филпотт бо роҳбарияти ҶСП «Спитамен Бонк» - Спитамен Бонк

Боздиди Сафири Бритониёи Кабир дар Тоҷикистон Хю Филпотт бо роҳбарияти ҶСП «Спитамен Бонк»

31.01.2017

Имрӯз, 31 январ мулоқоти расмии сафири Бритониёи Кабир Хю Филпотт бо Роҳбарияти ҶСП «Спитамен Бонк».

Спитамен Бонк дар бораи таърихи Бонк ва фаъолияти он то ба имрӯз презентатсияи кӯтоҳ омода намуд. Дар мулоқот роҳбарони ду мақомот оид ба ҳамкории имконпазир дар соҳаҳои иҷтимоӣ ва фарҳангӣ мубодилаи афкор намуданд.



Ҷаноби Филпотт бо фаъолияти Бонк , лоиҳаҳои иҷтимоӣ ва ташаббусҳои таълимӣ бо дастгирии Бонк шинос гардид. Аз ҷумла, барои рушди лоиҳаи саводнокии молиявӣ диққати махсус зоҳир карда шуд.

Дар охири мулоқот роҳбароияти ҶСП «Спитамен Бонк» барои ҳамкории муштараки пурсамар ҷиҳати таъмини рушди иҷтимоии аҳолӣ изҳори умед карданд.


Бозгашт