ҶСП «Спитамен Бонк» ва «T-MBA» курси нави оид ба асосҳои тиҷорат ва соҳибкориро оғоз кардаанд - Спитамен Бонк

ҶСП «Спитамен Бонк» ва «T-MBA» курси нави оид ба асосҳои тиҷорат ва соҳибкориро оғоз кардаанд

24.01.2017

Дар ифтитоҳи курс иштирокчиёнро намояндагони Бонк ва «Т-МВА» истиқбол гирифтанд.Гурӯҳ тақрибан аз бист нафар донишҷӯёни болаёқати курсҳои болоии мактабҳои олии пойтахт иборат аст. Курсҳо ба донишҷӯён на танҳо барои омӯхтани асосҳои саводнокии молиявӣ кӯмак мекунанд, балки имконияти омӯзиши амиқи фаъолияти соҳибкориро таъмин менамоягд. Дар доираи дарси нахустин Азамҷон Қаюмов – мушовир оид ба андозбандӣ ва баҳисобгирӣ баромад кард ва дар бораи низоми андозбандии кишвар маълумот дод. Иштирокчиён, дар навбати худ, фикрҳояшонро доир ба интизориҳо аз курс ва идеяҳои тиҷоратиашон байн карданд.

Курси мазкур қисми барномаи умумии ҶСП «Спитамен Бонк» оид ба баланд бардоштани саводнокии молиявии аҳолӣ мебошад.

T-MBA.jpg


Бозгашт