Хабари навбатӣ аз ҶСП “Спитамен Бонк”: паст шудани фоизҳои “Автоқарз”
Ба наздикӣ “Спитамен Бонк” оид ба паст кардани меъёрҳои фоизӣ аз рӯи иқдом дар қарзҳои ипотекӣ бо ширкати сохтмонии “Авитсенна” эълон кард. Акнун “Спитамен Бонк” меъёри фоизии “Автоқарз”-ро аз 18% ба 15% солона паст намуданд.
Ғайр аз ин, се моҳи аввал меъёри фоизӣ 0%-ро ташкил медиҳад. Ин намуди қарз инчунин барои қисмҳои эҳтиётии мошинҳои тамғаи “Тойота” дода мешавад.
“Автоқарз” барои харидани мошинҳои ширкати “Таҷ Моторс” ва қисмҳои эҳтиётии онҳо дода мешавад. Кормандони “Таҷ Моторс” ва намояндагони “Спитамен Бонк” дар презентатсия расмӣ қайд карданд, ки силсилаи “ширкати мошин-мизоҷ-бонк”-ро ба тафсил фикр карда баромадаанд. Дар давоми раванди омодасозии қарз, аз муроҷиати мизоҷ сар карда, то ба анҷом расидани пардохти қарз, мизоҷро кормандони ҳарду ширкат ҳамроҳӣ менамоянд.
Ҳадафи асосии ҶСП “Спитамен Бонк” муносиб ва дастрас шудани маҳсулот ва хизматрасониҳои Бонк барои мизоҷон мебошад.