ҶСП “Спитамен Бонк” аввалин шуда интишори кортҳои бевасли нпб visa- ро оғоз намуд - Спитамен Бонк

ҶСП “Спитамен Бонк” аввалин шуда интишори кортҳои бевасли нпб visa- ро оғоз намуд

03.08.2017

ҶСП «Спитамен Бонк» бо ифтихор хабар медиҳад, ки дар кишвар нахустин шуда технологияи кортҳои бевасли низоми пардохтии байналмиллалии VISA-ро татбиқ намудааст. Татбиқи ин лоиҳа натиҷаи кӯшишу заҳматҳои тӯлонии тими меҳнатдуст ва ҳаммаслаки ҶСП “Спитамен Бонк” мебошад. Маҳсулоти мазкур бомуваффақият ба қатори маҳсулоти бонкии пешниҳодшаванда ворид карда шуда, акнун ҳохишмандон метавонанд кортҳои беваслро дар филиалҳои бонки мо дастрас кунанд.

67

ҶСП “Спитамен Бонк” ба татбиқи Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти №815 аз 31.12.2014с. «Оид ба тадбирҳои вусъат додани ҳисоббаробаркунии ғайринақдӣ тавассути кортҳои пардохтии бонкӣ» аҳамияти калон медиҳад ва қадами мазкур дар роҳи рушди пардохтҳои ғайринақдӣ дар кишвар дастоварди хубе мебошад.

 Кортҳои бевасл дараҷаи баланди ҳимоя аз “дахолатҳои хакерӣ” дошта, бешубҳа боэътимод мебошанд ва боварии муштариёнро ба маҳсулот ва технологияҳои бонкӣ афзун мегардонанд. Чунин корт имкон медиҳад, ки бо як расиши корт ба таҷҳизоти терминалии нуқтаи савдою хизматрасонӣ харидро пардохт намоед, яъне амалиёт бе тасдиқкунӣ бо рамзи PIN сурат мегирад, танҳо корти бевасли VISA аз ҶСП “Спитамен Бонк”–ро ба терминали дар хазина буда расонед ва хариди шумо аллакай пардохт мешавад!

 Бартарии кортҳои бевасл дар чист?

Кортҳои бевасл нисбат ба кортҳои оддии дорои лентаи магнитӣ бартариҳои зеринро доранд:

  • чипи рамзикунонидашудаи дар корт насбгардида қалбакӣ сохтани онҳоро ғайриимкон мегардонад;
  • ҳар як амалиёт дорои рамзи динамикист, аз ин ҳисоб қаллобон ҳаргиз ба амалиёт дахолат карда, маълумотро тағйир дода наметавонанд;
  • барои пардохти харид зарур нест, ки кортро ба дасти фурӯшанда диҳед, ки ин ба рабуда шудани маълумот аз корт (рақами корт ва CVV / CVC-рамз) имкон намедиҳад.

Корти бевасли ҶСП «Спитамен Бонк»-ро чи тавр метавон дастрас намуд?

Муштариёне, ки дорандаи корти VISA аз ҶСП “Спитамен Бонк” ҳастанд ва хоҳиши иваз намудани онро ба корти нави бевасл доранд, метавонанд ба Сарбонк бо шиносномаи худ муроҷиат намоянд. Истифодабарандагони кортҳои VISA, ки дар дигар минтақаҳо зиндагӣ мекунанд, бояд ба наздиктарин филиали бонк муроҷиат кунанд. Ҳангоми гирифтани корти нав бақияи ҳисоби корти амалкунанда бо хоҳиши муштарӣ ба корти нав гузаронида мешавад. Кортҳо РОЙГОН иваз карда мешаванд!!!


Муштариёни нав арзиши интишори кортҳои беваслро тибқи тарофаҳои амалкунандаи бонк, ки бо онҳо дар сомонаи бонк www.spitamen.com шинос шудан мумкин аст, пардохт менамоянд. Шумо метавонед тавассути телефони (44) 600-39-30 ба бонк муроҷиат карда, ба дилхоҳ саволи худ дар ин самт ҷавоб гиред.


Бозгашт