Иттиҳодияи Байналмиллалии Исломӣ оид ба маблағгузории тиҷорат (ITFC) дар Спитамен Бонк - Спитамен Бонк

Иттиҳодияи Байналмиллалии Исломӣ оид ба маблағгузории тиҷорат (ITFC) дар Спитамен Бонк

16.11.2017



Имрӯз, 16 ноябр вохӯрии расмии Роҳбарияти ҶСП “Спитамен Бонк” ва Иттиҳодияи Байналмиллалии Исломӣ оид ба Маблағгузории Тиҷорат (ITFC) баргузор гардид.

IMG_7599.JPG

Дар рафти сӯҳбат масъалаи ҳамкоррии судманд ва иттиҳод баррасӣ гардид. Намояндагони ITFC ба фаъолият ва сатҳи хизматрасонии Спитамен Бонк баҳои баланд доданд. Иттиҳодияи Байналмиллалии Исломӣ оид ба Маблағгузории Тиҷорат (ITFC) ташкилоти худмухторест дар ҳайати гуруҳи Бонки рушди Исломӣ. Ташкилот барои пешрафт ва рушди тиҷорат, баҳри беҳдошти шароитҳои иқтисодӣ ва даромаднокии аҳолии давлатҳои исломии ҷаҳон бунёд гардида буд. Иттиҳодияи байналмиллалии тиҷоративу молиявӣ ҳамаи амалиётҳои доир ба маблағгузории тиҷоратие, ки барояшон ташкилотҳои гуногуни гурӯҳи Бонки рушди Исломӣ чавобгар буданд, мутаҳҳид намуд.


Бозгашт