Ғолибони иқдоми “Қарз гирифта Iphone бурд намоед” - Спитамен Бонк

Ғолибони иқдоми “Қарз гирифта Iphone бурд намоед”

29.12.2017



Аз 1 то 27 декабр мизоҷони Спитамен Банк, ки дар ин муддат дар бонк қарз гирифтаанд имкони иштирок кардан дар иқдоми “Қарз гирифта Iphone бурд намоед” доштанд.

Аз рӯи шартҳои иқдоми мазкур мизоҷон ба се гурӯҳ ҷудо карда шуданд- гурӯҳи аввал мизоҷоне, и қарзашон аз 1000$ то 3000$,  гурӯҳи дуюм мизоҷоне, ки аз 3001$ то 10000$ ва гурӯҳи сеюм мизоҷоне, ки маблағи қарзашон зиёда аз 10000$ ташкил дод. Аз рӯи ин тақсимот телефони тамғаҳои Iphone 8, Iphone 8+ и Iphone X бурд карда мешуданд. Ҳамагӣ дар иқдом то 100 нафар мизоҷоне ширкат доштанд, ки розигии худро барои иштирок намудан дар бозӣ изҳор намуданд.
Инак, 29 декабр дар пахши мустақими радиои  “Ватан” дар мавҷи 106 F.M кормандони Спитамен Бонк ва ровии шоуи солинавӣ лототронро оғоз намуданд.

Дар хомӯшӣ саққоча бо рақами бурди якум бароварда шуд. Iphone 8 ро шаҳрванди шаҳраки Бустон (Вилояти Суғд) Азимов Фирдавс бурд намуданд.

Дар пахши мустақим Фирдавс аз шодӣ дасту по гум карда гуфтанд, ки бениҳоят толеашон омад кардааст, чунки ба ин гуна бозиҳо боварӣ надоштанд. Аллакай имрӯз, 2 январ Фирдавс тӯҳфаи худро дар филиали Спитамен Бонк дар Хӯҷанд ба даст гирифтанд.

Iphone 8+ ро мизоҷи навбатӣ аз шаҳри Ваҳдат Тошев Пирмаҳмад ва IphoneX низ ба шаҳри Ваҳдат ба мизоҷи Спитамен Бонк Шералиев Нусратулло равон шуд.
IMG_7919.JPG
Нусратулло дар пахши мустақими радиои Ватан барои хизматрасонии босифат ба кормандони Спитамен Бонк изҳори миннатдорӣ баён намуда гуфтанд, ки ба бурдашон боварӣ надоштанд, вале смс паём оиди баргузор гардидани бозӣ дар радио гирифта, бодиққат барномаро гӯш мекарданд. 

Ана чунин навигариҳои солинавиро ба мизоҷон дар рӯзи ҷашнгирии иди муҳими давлатӣ Спитамен Бонк тақдим намуд.   


Бозгашт