ҶСП “Спитамен Бонк” “Бренди Тиллоии соли 2017”-соҳиб гардид. - Спитамен Бонк

ҶСП “Спитамен Бонк” “Бренди Тиллоии соли 2017”-соҳиб гардид.

14.12.2017



Аз рӯи натиҷаҳои озмуни «Бренди Соли 2017», ки аз ҷониби Маркази миллии патентӣ гузаронида мешавад, ҶСП «Спитамен Бонк» дар номинатсияи «Фаъолияти бонкӣ» Ҷоизаи тиллоии озмунро сазовор гардид.

25311078_1633888789967445_8343342245725770610_o.jpg
Қайд намудан лозим аст, ки «Спитамен бонк» бори аввал дар озмуни мазкур ширкат варзида, миёни чор бонки кишвар соҳиб гардидан ба ин ҷоиза барои бонк ифтихори бузург аст.
Ба гуфтаи ташкилкунандагони озмун, довталабон аз ҷиҳати шинохти бренд (тамға), ки бояд беш аз 40%-ро ташкил диҳад, баҳогузорӣ шуданд.

Мукофоти асосӣ барои «Спитамен Бонк» пеш аз ҳама, эътимоди мизоҷон буда, маҳз барои ҳамин бонк кӯшиш ба харҷ медиҳад, ки сатҳи баланди хизматгузориро таъмин намояд. Дар бонк робита бо мизоҷон тариқи тамоми воситаҳои дастрас ба роҳ монда шудааст. Имрӯз бо бонк дар ҳамаи шабакаҳои иҷтимоӣ дар тамос шудан имконпазир мебошад. Масалан, дар шабакаи Facebook (https://www.facebook.com/spitamenbonk/) мутахассиси бонк ҳамарӯза наздики 15 саволу дархост, арзу шикоят ва пешниҳодҳоро қабул мекунад.

Ҳармоҳа мутахассиси Маркази зангҳои Спитамен Бонк (65-65) ба ҳисоби миёна 700 зангро қабул мекунад ва муддатнокии мунтазирӣ дар хати алоқа аз 2 сония зиёд нест, ва ҳамаи гуфтугӯи мушовир бо мизоҷон сабт мегарданд. Ҳар як шикояти дар дилхоҳ филиали бонк омада ба таври инфиродӣ ва дарҳол ҳалли худро меёбад.

Қобили зикр аст, ки Бонк дар рушд ва дастгирии лоиҳа оид ба саводнокии молиявӣ , ки соли дуюм давом меёбад, иштироки фаъол дорад. Дар давоми ин вақт, ҳар ҳафта Спитамен Бонк ҷавобҳо ба саволҳои гуногун оид ба саводнокии молиявӣ нашр менамояд. Ба ғайр аз ин, ҳар моҳа, мутахассисони Шуъбаи омӯзиш ва такмили кормандон қариб 5 тренинг барои табақаҳои гуногуни аҳолӣ, аз ҷумла гурезагон баргузор менамоянд, ки дар он иштирокчиён имконияти муҳокимаи масъалаҳои нигаронии марбут ба саводнокии молиявиро доранд.

Спитамен Бонк барои арзёбии баланди кори дастаи худ, инчунин ба ҳамаи мизоҷони худ барои эътимод ва садоқати худ сипосгузорӣ мекунад.


Бозгашт