Спитамен Бонк ба «16 рӯзи мубориза бар зидди зӯроварӣ нисбати занон» аз занони СММ ҳамроҳ шуд. - Спитамен Бонк

Спитамен Бонк ба «16 рӯзи мубориза бар зидди зӯроварӣ нисбати занон» аз занони СММ ҳамроҳ шуд.

29.11.2017



25 ноябр Созмони Милали Муттаҳид маъракаи умумиҷаҳонии худро оғоз кард - 16 рӯзи зидди зӯроварӣ. Спитамен Бонк ин ташаббусро дастгирӣ намуда, муддати 16 рӯз дар ҳамаи филиалҳо ва МХБ-ҳо меҳмонон метавонанд бо маълумот дар бораи чорабиниҳои баргузоршавандаи ин маърака дар мамлакат шинос шаванд.


IMG_7710.JPG
Рамзи чорабинӣ ранги норинҷист: нурҳои норинҷӣ биноҳоро равшан карда, диққати тамоми ҷаҳонро ба мушкилоти зӯроварӣ нисбати занон ва духтарон ба худ ҷалб мекунад
IMG_7685.JPG
Мувофиқи маълумотҳои оморӣ, яке аз панҷ нафари занон аз ҷониби мардон ба зӯроварӣ дучор мешаванд, Ба назар мерасад, ки ба зӯроварӣ занони гурӯҳҳои осебпазири аҳолӣ рӯ ба рӯ мешаванд, аммо омор нишон медиҳад, ки ҳиссаи баробараи занони гирифторшуда бо кор таъмин ва фаъол мебошанд.
IMG_7694.JPG
Ёдовар мешавем, ки Спитамен Бонк лоиҳаҳои иҷтимоиро, ки барои пешрафт ва маърифатнокии аҳолӣ равона гардидаанд, дастгирӣ менамояд. Инчунин дастгирии чорабинии мазкур нишондиҳандаи ҳамбастагии принсипи умумиҷаҳонии «Рушди устувор то соли 2030» мебошад.

Барои як қисми лоиҳа дар шабакаҳои иҷтимоӣ гардидан, шумо метавонед дар дилхоҳ филиалҳо ва МХБ бо хештеги #orangetheworld и #16days сурат гиред.



Бозгашт