“Интиқоли маблағ ва пардохтҳо тавассути низоми пардохти байналмилалии Юнистрим”
Рӯзҳои истироҳатии гузашта, дар маркази таълимии ҶСП “Спитамен Бонк” семинари омӯзишӣ таҳти роҳбарии намояндаи ширкати “Юнистрим” Ахмедов Олим баргузор гардид.
Дар рафти омӯзиш иштирокчиён маротибаи дигар бо мавзӯи интиқоли маблағ ва пардохтҳо тавассути низоми байналмиллалии интиқоли маблағҳои “Юнистрим” шинос шуда асбобҳои аёнӣ барои кор кардан дар низом гирифтанд.
Дар семинари мазкур кормандони шӯъбаҳои амалиётии филиалҳо ва МХБ-ҳои тамоми ҷумҳурӣ ширкат варзида, имкони бевосита саволҳои худро нисбати интиқоли маблағ ба намояндаи низоми мазкур доданро доштанд.
Ёдовар мешавем, ки Спитамен Бонк ҳармоҳа 3 тренинг ва семинарҳои омӯзишӣ барои кормандон ва коромӯзон ба мақсади баланд бардоштани сатҳи хизматрасонӣ ва малакаҳои касбӣ баргузор менамояд.