Маросими ифтитоҳи бинои нави филиали мо дар шаҳри Ҳисор - Спитамен Бонк

Маросими ифтитоҳи бинои нави филиали мо дар шаҳри Ҳисор

15.01.2016

Мизоҷони муҳтарам!

Бо хушнудӣ ба маълумоти Шумо мерасонем, ки дар шаҳри Ҳисор суроғаи бинои филиали мо тағйир ёфтааст (А. Юсуфи 17). Филиали нав дар маҳалли аҳолинишин ҷойгир шуда, дорои утоқҳои замонавӣ ва муносиб барои хизматрасонӣ ба мизоҷон мебошад. Мизоҷон метавонанд аз хизматрасониҳои бонкӣ, монанди: интиқоли маблағ, кушодани суратҳисоби муросилотӣ, пешкаш намудани кортҳои бонкӣ, фиристонидани супоришномаи пардохт, машварат оид ба хизматрасониҳои бонкӣ ва истифодабарии Интернет-Банкинги “Спитамен-бонк” истифода кунанд. Кормандони мо хизматрасонии босуръат ва баландсифатро тазмин намуда, ҳамеша омода ҳастанд, ки ба пурсишҳои Шумо бо чеҳраи гарм ва меҳрубон посух диҳанд.

Марҳамат ба филиали тозабунёди мо дар ноҳияи Ҳисор, мо Шуморо интизорем!

branch_.jpg


Бозгашт