Пули дар банкомат фаромӯш шуда ба “Спитамен Бонк” баргардонида шуд - Спитамен Бонк

Пули дар банкомат фаромӯш шуда ба “Спитамен Бонк” баргардонида шуд

20.10.2016

Принсипи кори банкомантҳои ҶСП “Спитамен Бонк” тавре таъсис шудаанд, то ин ки мизоҷон маблағи заруриро аз корти худ бехатар ба даст оранд. Агар мизоҷ гирифтани корти худ ё маблағро фаромӯш кунад, он гоҳ пас аз 30 сония банкомат ин амалиётро баста маблағро «фурӯ» мебарад. Ин чора бо мақсади таъмини амнияти амалиёти мизоҷон ҳангоми истифодаи банкомат, омода шудааст.

Ҳамин гуна ҳодиса, 15 октябри соли 2016 , тақрибан соати 20-и бегоҳ рух додааст. Мизоҷ ҳангоми истифодаи яке аз банкоматҳои Спитамен Бонк, корти худро гирифта, маблағро фаромӯш кардааст. Банкомат маблағ ро, ки аз ҷониби мизоҷ талаб карда шуда буд, дод, аммо ҳеҷ кас маблағро нагирифт ва банкомат (чи тавре ки дар ин ҳолатҳо мешавад) ба овоз баровардан оғоз намуд. Шаҳрванд Фирӯз Қурбонов, ки онҷо роҳгузар буд, овозро шунид ваназди банкомат рафта, дар онҷо пули нақдро пайдо кард. Фирӯз маблағро гирифта ба Спитамен Бонк хабар дод ва онҳоро ба бонк баргардонид.

Роҳбарияти Спитамен Бонк Фируз Қурбоновро даъват карда, барои ростқавлӣ ва кирдори нек изҳори сипос намуд. Ҳамчун миннатдорӣ ба Фирӯз Қурбонов аз Спитамен Бонк тӯҳфаҳои хотирмон пешкаш гардиданд.


Бозгашт