Курси омӯзишии баҳисобгирии молиявӣ барои кормандони идораи баҳисобгирии молиявии “Спитамен Бонк” - Спитамен Бонк

Курси омӯзишии баҳисобгирии молиявӣ барои кормандони идораи баҳисобгирии молиявии “Спитамен Бонк”

03.10.2016

Якуми октябр дар Сарбинои Спитамен Бонк курси омӯзишии “Баҳисобгирии молиявӣ-1” барои кормандони идораи баҳисобгирии молиявӣ баргузор гардид.

ҶСП «Спитамен Бонк» барои фароҳам овардани шароити мусоид ва бароҳат барои кормандони худ кӯшиш менамояд. Яке аз афзалиятҳои асосии Спитамен Бонк афзудани малакаҳои касбии онҳо аст. Маҳз барои ҳамин, Бонк доимо тренингҳои гуногун, семинар ва курсҳоро барои кормандони худ ташкил мекунад.

Курсҳои навбатии омӯзишӣ оид ба Стандартҳои байналмилалии ҳисоботи молиявӣ (СБҲМ) «Баҳисобгирии молиявӣ-1» барои кормандони идораи молиявии Спитамен Бонк ташкил карда шуд.

Мураббии курс – Қиёмуддин Мирзоев, муовини директори ҶСК «Тоҷикаудитсервис», омӯзгори кафедраи «Баҳисобгирии бухгалтерӣ ва аудит»-и Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон аст.

Иштирокчиёни курс машварати касбӣ ва маслиҳатҳои амалӣ оид ба масъалаҳои мавриди таваҷҷӯҳашонро гирифта, хусусиятҳои баҳисобгириро бо мисолҳои мушаххас, ки дар рафти кор ба миён меоянд, дида баромаданд.

ҶСП «Спитамен Бонк» фаъолияти худро дар самти баланд бардоштани маҳорати касбии кормандони худ идома дода, дар нақша гузаронидани курсҳоро дар мавзӯи «Баҳисобгирии идоравӣ», «Андоз ва Ҳуқуқ” ва ғайра дорад.

Training_FD.jpg


Бозгашт