“Спитамен Бонк” маҳсулоти қарзии нав – «Автоқарз»-ро ба роҳ монд - Спитамен Бонк

“Спитамен Бонк” маҳсулоти қарзии нав – «Автоқарз»-ро ба роҳ монд

18.11.2016

Ҳабдаҳуми ноябр Спитамен Бонк бо якҷоягии Таҷ Моторс ва Спитамен Суғурта маҳсулоти нави қарзии автоқарзро ба роҳ монд.

Акнун хоҳишмандон метавонанд аз ин қарз истифода бурда, автомошинаи нави тамғаи Тойотаро аз толори Таҷ Моторс, ки намояндаи расмии Тайота дар Тоҷикистон аст, бихаранд. Созишнома дар ин бобат дар бинои Таҷ Моторс 17-уми ноябр ба имзо расид.

“Созишномаи мазкур – қадами аввалин барои ҳамкориҳои судманди мо мебошад ва иқдоми хуб дар ҳаёти ширкатҳои мо аст. Ин созишномаи ҳамкорӣ пеш аз ҳама барои он нигаронида шудааст, ки мизоҷон тавонанд барои харидани мошин ва таъмири он бо шартҳои мусоид қарз ба даст оранд”, – гуфт Раиси Раёсати ҶСП “Спитамен Бонк” Ниёзмурод Саидмуродов.

Дар навбати худ, директори кулли ширкати ҶСК “Taҷ Moтoрс” Бахтиёр Акбаров таъкид намуд: “Ҳамкории судманд байни ширкатҳои тиҷоратӣ, ташкилотҳои қарзӣ ва ширкатҳои суғуртавӣ дар тамоми ҷаҳон самаранокии худро исбот кардаанд. Шарикон, албатта, бояд ҷиддӣ ва боэътимод бошанд. Ширкати мо тасодуфӣ ба сифати шарикон Спитамен Бонк ва Спитамен Суғуртаро интихоб накардааст. Спитамен Бонк айнан чунин ширкатест, ки бонк бояд ҳатман бошад, яъне боэътимод, ҷиддӣ ва ба ҳамкориву муносибатҳои судманд майл дошта. Шарики дигари мо, Спитамен Суғурта аст, ки яке аз ширкатҳои пешқадами суғуртавӣ ба ҳисоб меравад ва талаботҳои фаъолияти соҳибкориро ба инобат гирифта, хизматрасониҳои самаранокро пешниҳод менамояд”.

Директори кулли ҶСП “Спитамен Суғурта” – Рауф Aмзаалиев изҳори боварӣ намуд, ки ин гуна ҳамкорӣ байни ширкати тиҷоратӣ, бонк ва ширкати суғуртавӣ як заминаи боэътимод барои муносибатҳои дарозмуддат ва муфид хоҳад буд.

“Автоқарз ” дар ҶСП “Спитамен Бонк” барои харидани мошин ва қисмҳои эҳтиётии он дода мешавад. Мизоҷ метавонад худаш асъори қарзро интихоб намояд. Мӯҳлати қарз то ду сол аст.

Toyota loan.jpg


Бозгашт