Тренингҳо барои рушди малакаҳои идоракунӣ барои роҳбарони идораҳои ҶСП «Спитамен Бонк» - Спитамен Бонк

Тренингҳо барои рушди малакаҳои идоракунӣ барои роҳбарони идораҳои ҶСП «Спитамен Бонк»

24.11.2016

Роҳбарони идораҳо ва шӯъбаҳои Спитамен Бонк дар тренингҳои чоррӯза оид ба «Инкишофи малакаҳои идоракунӣ» иштирок карданд.

Дар маркази таълимии ҶСП «Спитамен Бонк» дар моҳҳои октябр ва ноябр тренингҳои чоррӯза барои сардорони идораҳо, шӯъбаҳои Бонк дар мавзӯи «Инкишофи малакаҳои идоракунӣ» гузаронида шуд. Дар рафти тренинг аз тарафи иштирокчиён мавзӯъҳои ба монанди нақш ва масъулияти роҳбар, эҳтиёҷот ва ҳавасмандгардонии кормандон, муоширати муассир, ташкили дастаҳои пурсамар, муносибатҳо дар дохили дастаҳо, рушди кормандон ва ғайра омӯхта шуданд.

«Мо ин гуна тренингҳоро тасодуфӣ намегузаронем. Омӯзиши кормандон сармоягузории боэътимод аст ва Бонки мо бо ин ба таври мунтазам машғул мебошад» – гуфт Раиси Раёсат Н. Саидмуродов.

“Ман, ҳамчун мураббӣ, аз гузаронидани ин тренингҳо баҳрамандам – онҳо шавқовар, мусбат, ҳавасангезанд, ҳамеша дорои фазои дӯстона мебошанд. Иштирокчиён фаъоланд, барои ширкат дар ҳамаи навъҳои бозиҳо омодаанд, барои изҳори ақида ва таҷрибаи худ кӯшиш мекунанд ва албатта, ҳангоми фаҳмидани чизи наве, саволҳои бисёр дода, проблемаю комёбиҳоеро, ки дар давоми мубоҳиса маълум мегарданд, муҳокима мекунанд», – таассуроташро баён намуд Зарина Бобоева.

ҶСП «Спитамен Бонк» барои кормандони худ тренингҳо мегузаронад. Аз оғози соли ҷорӣ 26-то тренинг ташкил карда шуд, ки дар онҳо 333 нафар иштирок намуданд.

Training_HD.jpg


Бозгашт