Рушди шабакаи банкоматҳои Спитамен Бонк - Спитамен Бонк

Рушди шабакаи банкоматҳои Спитамен Бонк

25.11.2016

Баланд бардоштани сифати хизматрасонӣ ба мизоҷон, яке аз самтҳои афзалиятноки фаъолияти “Спитамен Бонк” ба ҳисоб меравад. Ин аст, ки Бонк пайваста кӯшиш ба харҷ медиҳад, то талаботи мизоҷонро ба инобат гирифта, сифати хизматрасонии бонкро баландтар бардорад ва барои мизоҷон шароити ҳарчӣ бароҳаттар фароҳам оварад.

Банкоматҳоро мизоҷони мо, имрӯзҳо, пайваста истифода мебаранд. Дастрасиву фаъолияти муттасили онҳо ҷузъҳои хеле муҳим барои баланд бардоштани сифати хизматрасонӣ мебошанд. Аз ин рӯ, ҶСП «Спитамен Бонк», мунтазам, инфрасохтори шабакаи банкоматҳоро васеъ мегардонад. Дар моҳи гузашта се банкомати нав бо суроғаи:

ш. Душанбе, к. Aйнӣ 14, дар бинои Вазорати нақлиёти ҶТ;
ш. Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ 127, бинои Маркази савдои “Рӯдакӣ Плаза”;
ш. Ваҳдат, к. 20-солагии Истиқлолият, дар бинои беморхонаи марказӣ насб гардиданд.

Илова бар ин дар ояндаи наздик ҶСП «Спитамен Бонк» ният дорад 3 банкомати нави иловагӣ насб намояд.


Бозгашт