Натиҷагирӣ аз озмуни «Тоҷикистони Ман» дар гузориши тасвирии «Азия-Плюс» - Спитамен Бонк

Натиҷагирӣ аз озмуни «Тоҷикистони Ман» дар гузориши тасвирии «Азия-Плюс»

10.11.2016

Дар меҳмонхонаи «Серена» гурӯҳи расонаҳои «Азия-Плюс» натиҷаҳои озмуни аксҳои «Тоҷикистони ман»-ро, ки ба муносибати 20-солагии таъсисёбии хабаргузории «Азия-Плюс» ва 25-солагии ҷашни Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон гузаронида шуд, ҷамъбаст намуд.

Аксҳои беҳтарини ба озмун ирсолгардида дар намоиши аксҳо ба маърази тамошо гузошта шуданд.

Барои акси «Девочка в машине» (Духтаре дар автомашина) Тимур Мустаев ба Шоҳҷоиза (Гран-при)-и озмун соҳиб шуд.

Аз рӯи номинатсияҳои дигари озмуни аксҳои #ТОҶИКИСТОНИ МАН иштирокчиёни зерин ғолиб дониста шуданд:

Номинатсияи: «Сабк» (Стиль).

Акс – «Любовь, свобода, музыка, истина и жизнь» (Муҳаббат, озодӣ, мусиқӣ ва ҳаёт).

Муаллиф: Илҳом Юнусов – 498 овоз (лайк)

Номинатсияи: «Люди. Повседневная жизнь. События» (Одамон. Рӯйдодҳо. Ҳаёти рӯзмарра)

Акс – «Дедушка с внуком» (Бобову набера)

Муаллиф: Светлана Тураева – 1000 овоз

Номинатсияи: «Природа» (Табиат)

Акс – Алаудинское озеро (Фанские горы) (Кӯли Аловуддин (Кӯҳҳои Фон)

Муаллиф: Меҳрангез Баҳромӣ – 303 овоз

Номинатсияи «Архитектура» (Меъморӣ).

Акс: «Кохи Навруз» (Кохи Наврӯз).

Муаллиф: Далер Азимов – 750 овоз

Ҳамчунин иштирокчиёне, ки дар ҳар кадоме аз номинатсияҳо ҷойҳои дуюму сеюмро ишғол карданд, низ бо ҷоизаҳо сарфароз гардонида шуданд: Парвиз Ҳакимзода ва Анварҷон Муродов дар номинатсияи «Сабк», Азиза Саноева ва Тимур Мустаев дар номинатсияи «Одамон. Рӯйдодҳо. Ҳаёти рӯзмарра», Шуҳрат Ҷӯраев ва Баҳриддин Баҳриддинов дар номинатсияи «Табиат», Саид Тӯраев ва Абдулатиф Ғаффоров дар номинатсияи «Меъморӣ».

Сарпарасти кулли озмун -ҶСП “Спитамен Бонк“

Asia-plus-photo-konkurs.jpg


Бозгашт