Курсҳо оид ба “Асосҳои тиҷорат ва соҳибкорӣ”: ҳимояи лоиҳаҳои тиҷоратӣ - Спитамен Бонк

Курсҳо оид ба “Асосҳои тиҷорат ва соҳибкорӣ”: ҳимояи лоиҳаҳои тиҷоратӣ

15.11.2016

Сенздаҳуми ноябри соли ҷорӣ дар маркази тренингии ҶСП “Спитамен Бонк” ҳимояи лоиҳаҳои тиҷоратии иштирокчиёни тренигҳои “Асосҳои тиҷорат ва соҳибкории” барномаи Т-МВА, бо дастгирии молиявии ҶСП “Спитамен Бонк”, дар доираи барномаи оид ба баландбардории саводнокии аҳолӣ, баргузор гардид.

Дар давоми ҷаласаҳо иштирокчиён мавзӯҳоеро омӯхтанд, ки онҳоро бо ҷаҳони муосири тиҷорат ва молия шинос карда, барои дарк кардани маъно ва арзиши омӯзиш, ташкили вақт ва тиҷорати худ кӯмак мекунанд.

Мақсади ассосии курси мазкур пешниҳод кардани маводи, мувифиқи синну сол мутобиқ гардонида шуда, барои омӯхтани фаъолияти соҳибкорӣ ва баланд бардоштани сатҳи саводнокии молиявии иштирокчиён буд. Дар хотимаи курс иштирокчиён нақшаҳои тиҷоратии худро коркард намуда, онҳоро бо истифодаи графикаҳои иттилоотӣ ва асосноккунии иқтисодӣ пешкаш карданд.

Кор бо ширкаткунандагони курсҳо дар се самт бурда шуд: “Асосҳои тиҷорат ва соҳибкорӣ” (тренер Нигор Абдуаҳадова), “Инфографика. Малакаҳои компютерӣ барои соҳибкори навкор” (тренер Ҷаҳонгир Ҷалолов) ва “Ташаккули рушди шахсӣ” (тренер Манижа Шамсиева).

Хатмкунандагон лоиҳаҳои худро ба мутахассисон аз шумори роҳбарияти ҶСП «Спитамен Бонк» Умедҷон Ҳикматов, Хуршед Одинаев, Бобоева Зарина, Ҷамшед Абдуллоев пешкаш намуданд.

Мутахассисон бо тантана ба хатмкунандагон 17 сертификат барои коркард ва ҳимояи лоиҳаҳо тақдим намуданд. Инчунин се муаллифи лоиҳаҳои беҳтарин аз ҷониби ҶСП “Спитамен Бонк” бо идрорпулии якдафъаина қадр карда шуданд. Ҷои аввал ба Давлатова Маряна бо лоиҳаи студияи рассомӣ « Сreative Art World», ҷои дуюм ба Иваненко Валерий бо лоиҳаи мактаби футбол барои кӯдакон «Junior» ва ҷои сеюм ба лоиҳаи студияи коркарди бозиҳои мобилӣ «Gamer» насиб гашт.

Ёдовар мешавем, ки курсҳои дуюми оид ба “Асосҳои тиҷорат ва соҳибкории” барномаи Т-МВА бо дастгири молиявии ҶСП “Спитамен Бонк” барои наврасони синни аз14 то 18 сола, аз 21 август оғоз шуданд ва аз шонздаҳ ҷаласа иборат буда, тӯли якуним моҳ идома ёфтанд.

T-MBA_.jpg


Бозгашт