“Барномаи асосҳои тиҷорат ва соҳибкорӣ” дар чаҳорчубаи лоиҳаи баландсозии саводнокии молиявии аҳолӣ маблағгузорӣ мешавад - Спитамен Бонк

“Барномаи асосҳои тиҷорат ва соҳибкорӣ” дар чаҳорчубаи лоиҳаи баландсозии саводнокии молиявии аҳолӣ маблағгузорӣ мешавад

12.05.2016

Барномаи Т-МВА, бо дастгирии молиявии “Спитамен Бонк”, аз 08 майи соли ҷорӣ доир ба асосҳои тиҷорат ва соҳибкорӣ ба талабагони синфҳои болоӣ курсҳои омӯзишӣ мегузаронад. Ин курсҳо дар чаҳорчӯбаи лоиҳаи “Спитамен Бонк” оид ба баландсозии саводнокии молиявии аҳолӣ амалӣ мешаванд.

Якшанбеи гузашта, дар маркази тренингии ҶСП “Спитамен Бонк”, барои талабагони синфҳои болоӣ дарси аввал гузашт, ки ба омӯзиши мафҳумҳои асосии соҳаи соҳибкорӣ, истилоҳот ва тайёркунии презентатсия бо истифода аз усулҳои графикии пешниҳоди маълумот бахшида шуда буд.


_T-MBA_.jpg


Курсҳо аз шонздаҳ сессия иборат буда, якуним моҳ давом меёбанд. Дар раванди сессияҳо мавзӯҳое омӯхта мешаванд, ки наврасонро бо дунёи имрузаи тиҷорат ва молия шинос намуда, барои дарки мафҳуму арзиши таҳсилот ва идоракунии вақту кор мусоидат мекунанд.

Мақсади курсҳо – ба талабагони синфҳои боло пешниҳод кардани маводҳои барои наврасон мувофиқ карда шуда, ки барои омӯзиши фаъолияти соҳибкорӣ ва баландсозии саводнокии молиявӣ равона шудаанд. Баъд аз ба охир расидани курсҳо, барои натиҷагирӣ, иштирокчиён нақшаҳои тиҷоратии худро коркард намуда, бо истифода аз графикаи иттилоотӣ ва асосноккунии иқтисодӣ презентатсия омода месозанд.

Барномаи баландсозии саводнокии молиявӣ барои Спитамен Бонк яке аз масъалаҳои афзалиятнок мебошад. Ин самти бисёр муҳим ба ҳисоб рафта, барои инкишофи ҷумҳурӣ, аз ҷумла сектори молиявӣ аҳамитяи калон дорад.


Бозгашт