Қарзи ипотекӣ аз “Спитамен Бонк” - Спитамен Бонк

Қарзи ипотекӣ аз “Спитамен Бонк”

31.05.2016

ҶСП “Спитамен Бонк” номгӯи маҳсулоти қарзиашро зиёд карда, доир ба ворид сохтани қарзи ипотекӣ хабар медиҳад.

Аз якуми июн ҶСП “Спитамен Бонк” қарзи ипотекиро ворид месозад, ки барои шахсони ҳуқуқӣ, соҳибкорони инфиродӣ ва шахсони воқеъӣ пешниҳод мешавад.

“Ин маҳсулро мо барои пешниҳоди роҳҳои дастраси ҳалли масоили вобаста ба манзил, ки яке аз масъалаҳои афзалиятнок барои аксари мардум ба ҳисоб меравад, аз ҷумла оилаҳои серфарзанд, нав хонадоршудагон ва шахсони бо хешовандони наздик мезиста, ки мехоҳанд соҳиби хонаи худ бошанд, ворид месозем. Тавре маълум мебошад, на ҳама вақт имконияти якбора ҷамъ кардани маблағи зарурӣ барои хариди хона мавҷуд аст. Роҳи хуби ҳалли ин масъала метавонад қарзи ипотекии Бонки мо шавад,” – гуфт муовини аввали Раиси Раёсати ҶСП “Спитамен Бонк” Умедҷон Ҳикматов.

Ин қарзро на танҳо барои хариди хона, балки бо мақсади таъмири манзил низ гирифтан мумкин аст.

ҶСП “Спитамен Бонк” дар байни ҳадафҳои афзалиятнокаш, ба воридсозии маҳсулоти наву хизматрасониҳои инноватсионӣ диққати махсус медиҳад. Воқеан, интихоби дурусти маҳсулоти молиявӣ, хизматрасонии босифату зуд, инчунин устуворию эътимодияти бонк гарави муваффақияти мизоҷон мебошад.


Бозгашт