Такмили раванди интиқоли маблағҳо - Спитамен Бонк

Такмили раванди интиқоли маблағҳо

20.05.2016

Спитамен Бонк ба “Равзанаи ягона” низомҳои интиқоли маблағҳоро пайваст мекунад.

“Равзанаи ягона” имкони дастрасии зудро ба нозомҳои интиқоли маблағҳо медиҳад, ки ин барои сарфаи вақти мизоҷон мусоидат мекунад.

То имрӯз, “Спитамен Бонк” ба “Равзанаи ягона”, аллакай, нуҳ низоми интиқоли маблағҳоро пайваст кардааст:

  • Contact
  • Leader
  • Intel Express
  • Hazri
  • Coinstar
  • Welsend
  • RIA
  • Coinstar Форсаж
  • Anelik

Инчунин, пайвастшавии низомҳои зерин ба “Равзанаи ягона” дар марҳилаи иҷрошавӣ қарор дорад:

  • Blizko
  • Интер Экспресс
  • UNIStream
  • XpressMoney
  • MoneyGram
“Равзанаи ягона” – низоми маҷмуавиест, ки ба бонкҳо ва ташкилотҳои молиявӣ имкон медиҳад бо низомҳои гуногуни байналхалқӣ дар як равзана кор намоянд. Айни ҳол, бо истифода аз ин “Равзанаи ягона”, ташкилотҳои молиявӣ метавонанд аз хизматрасонии 14 низоми байналхалқии интиқоли маблағҳо баҳрабар бошанд. Низоми “Равзанаи ягона”- ро зиёда аз 150 бонк, ки дар маҷмуъ 20 ҳазор нуқтаи хизматрасониро доранд, дар 11 мамлакати дунё, аз ҷумла дар Исроил, Малайзия, Маҷористон ва ИДМ, истифода мекунад.


Бозгашт