«Спитамен Бонк» барномаи баландбардории саводнокии молиявии аҳолиро ба роҳ мемонад - Спитамен Бонк

«Спитамен Бонк» барномаи баландбардории саводнокии молиявии аҳолиро ба роҳ мемонад

06.05.2016

ҶСП “Спитамен Бонк” барномаи баландбардории саводнокии молиявии аҳолиро ба роҳ мемонад.

Мақсади ин барнома дар рушди сатҳи саводнокии молиявии аҳолӣ, бо роҳи гузаронидани тренинг ва семинарҳои кушод, чопи матлаб дар ВАО ва сомонаҳои интернетӣ, инчунин тариқи дастгирии чорабиниҳои барои инкишофи маълумотнокии аҳолӣ доир ба молияи шахсӣ, мебошад.

Самтҳои асосии барнома инҳо ба ҳисоб мераванд:

Баландбардории саводнокии молиявии талабагони синфҳои боло.
Баландбардории саводнокии молиявии донишҷуён.
Баландбардории саводнокии молиявии аҳолии баркамол.
Барои ҳар яке аз ин самтҳо барномаҳо ва модулҳои мутобиқшуда, ки талабот ва махсусияти аудиторияи ҳадафиро дар назар мегиранд, тайёр карда мешаванд.

Чи тавре ки доктори илмҳои иқтисодӣ, Муовини аввали Раиси Раёсати ҶСП “Спитамен Банк” Ҳикматов С.У. иброз дошт: “Саводнокии молиявӣ – ин заруриятест, ки бо тақозои шароити замона пайдо гардидааст. Таҷрибаи давлатҳои аз нигоҳи иқтисодӣ рушдкарда нишон медиҳад, ки шахс бояд аз хурдӣ саводи молиявӣ дошта бошад. Маҳз барои ҳамин, дар раванди омузишии давлатҳои рушдёфта фанҳои ба саводнокии молиявӣ марбут дохил карда шудаанд”.

Тренингҳо ва семинраҳо барои талабагони синфҳои боло ёрӣ мерасонанд, ки онҳо соҳиби донишҳои асосӣ ва гарданд ва сутунҳои саводнокии молиявиро аз бар кунанд. Ба донишҷуён ва аҳолии баркамол саводнокии молиявӣ имконият медиҳад, ки доир ба маҳсулоти бонкӣ бештар махлумот пайдо намоянд ва инчунин дониши заруриро барои идораи бюджети оилавӣ пайдо кунанд.

Спитамен Бонк мақсад дорад, ки ба беҳбудии аҳолӣ бо роҳи омузиши истифодаи дурусти воситаҳои молиявӣ ва маҳсулоти бонкӣ мусоидат карда, инчунин ба паст шудани сатҳи камбизоатӣ, тариқи омузонидани истифодаи самараноки бюджети оила, саҳми худро гузорад.

35325.jpg


Бозгашт