Низомҳои нави интиқоли маблағҳо дар ҶСП “Спитамен Бонк” - Спитамен Бонк

Низомҳои нави интиқоли маблағҳо дар ҶСП “Спитамен Бонк”

04.03.2016

ҶСП “Спитамен Бонк” бо низомҳои нави интиқоли байналмиллалии маблағҳо корро шурӯъ карда, инчунин низоми “Равзанаи ягона”-ро ҷорӣ кард, ки он барои боз ҳам зудтар амалӣ намудани интиқоли маблағҳо имкон медиҳад.


Акнун мизоҷони Бонк метавонанд аз хизматрасониҳои чунин низомҳои интиқоли маблағҳо, монанди «Intel Express», «ХАЗРИ» ва «Бэст» истифода намоянд. Хизматрасонии онҳо дар тамоми филиалҳо ва шуъбаҳои Бонк расонида мешаванд.

Ғайр аз ин, “Спитамен Бонк” бо шарикии ширкати украинагӣ “Финансовое Сервис Бюро” (“Бюрои Хизматрасонии Молӣ”), якумин бор дар Тоҷикистон, низоми “Равзанаи ягона”-ро ҷорӣ кард. Ин низом имконияти зуд ва бо тарзи муносиби кор бо низомҳои интиқолиро дода, вақти мизоҷонро марфа менамояд.

Ёдрас мешавем, ки “Спитамен Бонк” боз бо чунин низомҳои интиқоли маблағҳо ҳамкорӣ дорад: «Contact», «Лидер», «Золотая Корона», «Вестерн Юнион». Тариқи ин низомҳо шахс метавонад ба зиёда аз 150 давлати дунё маблағ фиристад. Инчунин Бонк бо низоми маҳаллии “Сония” кор менамояд. Айни ҳол ба мизоҷон ҳашт номгуйи низомҳои интиқоли пулӣ пешкаш мегардад.

Роҳбарияти Бонк қайд менамояд, ки дар ояндаи наздик нияти шурӯъ намудани корро бо номгуи васеъи низомҳои дигари интиқоли маблағҳо дорад.

Бозгашт