Кушодашавии филиали нави ҶСП «Спитамен Бонк» - Спитамен Бонк

Кушодашавии филиали нави ҶСП «Спитамен Бонк»

16.03.2016

Имрӯз маросими ботантанаи кушодашавии филиали нави ҶСП “Спитамен Бонк” баргузор гардид.

Имрӯз, 16 март, соати 11:00 дар бинои МТ “Вефа-Сентр”, маросими ботантанаи кушодашавии филиали нави Спитамен Бонк гузашт.

Шумораи филиалҳо акнун ба дувоздаҳ расид. Дар пойтахти кишвар банк дорои панҷ филиал, бо ҳисоби филали нав, буда, боз дар чунин шаҳрҳои калон, монанди Хуҷанд, Истаравшан, Данғара, Ваҳдат, Турсунзода, Қӯрғонтеппа ва Ҳисор, филиал дорад.

Vefa.jpg

“Мақсади кушодани филиали нав дар он аст, ки бонк ба мизоҷони худ боз ҳам наздиктар бошад ва ба рушди молиявии онҳо мусоидат намояд. Кушодашавии филиали нав барои мо аҳамияти зиёде дорад. Чунки гувоҳи рушд ва пешрафти мо мебошад. Имрӯз Спитамен Банк натиҷаҳои хубро нишон медиҳад, ва, ба шароити ҷории иқтисодӣ нигоҳ накарда, мо метавонем бо дили пурра изҳор намоем, ки на танҳо мустаҳкам ҳастем, балки дар марҳилаи рушди устуворона қарор дорем”, гуфт Петер Фабиан, Раиси Раёсати ҶСП “Спитамен Бонк”.

Роҳбарии филиалро ба Ҷамшед Абдуллоев, мутахассиси кордон, ки таҷрибаи баландеро дар соҳаи бонкдорӣ дорад, супориданд. Филиал тамоми намудҳои хизматрасонӣ ва муҳсулотро, ки Спитамен Бонк пешниҳод мекунад, пешкаши мизоҷонаш менамояд.

Тавре маълум аст, “Спитамен Бонк” ба коромузии кормандонаш диққати хоса медиҳад. Дар ошёнаи дуввуми филиал маркази омӯзишӣ ташкил дода шудааст, ки дар он кормандони бонк доир ба масоили тахассусашон тренинг мегузаранд. Роҳбари маркази омӯзишӣ тренери таҷрибадори соҳаи молиявӣ Зарина Бобоева мебошад.

ҶСП “Спитамен Бонк” яке аз бонкҳои бомуваффақияти кишвар мебошад. Шумораи кормандони бонк то 300 нафар мутахассис расидааст. Маҳсулот ва хизматрасониҳои бонк ба стандартҳои байналмиллалӣ мувофиқанд. Яке аз ҳадафҳои асосии бонк ин ворид сохтани технологияҳои нав ва маҳсулоти инноватсионӣ аст, ки ба мизоҷон имконияти осонтар кор карданро бо хизматрасониҳои бонкӣ дар тамоми соҳаҳои зиндагонӣ медиҳанд.


Бозгашт